ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

ба номи академик М.С. Осимӣ

қабули магистронро ба докторантура аз рўи ихтисос (РhD) барои соли таҳсили 2018 -2019 аз рўи ихтисосҳои зерин  ЭЪЛОН менамояд:

РАМЗ НОМИ ИХТИСОСҲО
1. 6D 042000 Меъморӣ
2. 6D 042100 Дизайн
3. 6D 050600 Иқтисодиёт
4. 6D 051700 Менеҷменти инноватсионӣ
5. 6D 060300 Механика
6. 6D 060800 Экология
7. 6D 070400 Техникаи ҳисоббарор ва таъминоти барномавӣ
8. 6D 070900 Филизшиносӣ
9. 6D 071000 Маводшиносӣ ва технологияи маводи нав
10. 6D 071200 Мошинсозӣ
11. 6D 071300 Наклиёт, техника ва технологияи нақлиётӣ
12. 6D 071600 Асбобсозӣ
13. 6D 071700 Энергетикаи ҳароратӣ
14. 6D 071800 Энергетикаи барқӣ
15. 6D 071900 Радиотехника, электроника ва телекоммуникатсия
16. 6D 072400 Мошинҳо ва таҷҳизоти технологӣ (аз рӯйи соҳаҳо)
17. 6D 072900 Сохтмон
18. 6D 073000 Истеҳсоли мавод, маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ
19. 6D 073100 Бехатарии фаъолияти инсон ва ҳифзи муҳити зист
20. 6D 074400 Сохтмон ва иншооти гидротехникӣ
21. 6D 074500 Сохтмони нақлиётӣ
22. 6D 075200 Низом ва шабакаҳои муҳандисӣ
23. 6D 075300 Технологияи химиявии маводи душворгудози ғайрифилизӣ ва силикатӣ
24. 6D 080600 Техника ва технологияи аграрӣ
25. 6D 090100 Ташкили ҳамлу накд, ҳаракат ва истифодаи накдиёт
26. 6D 090900 Логистика (аз рӯи соҳаҳо),
27. 6D 091100 Геоэкология ва идоракунии истифодабарии табиат иҷозат
28. 6D 100200 Низомҳои амнияти иттилоотӣ

Хуҷҷатҳои пешниҳодшаванда

Ҳуҷатҳои ҳатмӣ
1 Ариза ба номи ректори донишгоҳ бо нишондоди ихтисоси интихобнамуда;
2 Нусхаи шиноснома;
3 6 расми андозаи 3х4;
4 Нусхаи нотариалӣ тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва замимаҳои

он (дипломи бакалавр ва магистр);

5 Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
6 Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст (ҳангоми

доштани сабиқаи корӣ);

7 Рўйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ – методӣ (дар ҳолати надоштан пешниҳод

намудани реферат аз рўи ихтисос бо тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);

8 Маълумотномаи тиббӣ шакли 086 — У;
Ҳуҷҷатҳои тавсиявӣ
9 Сертификати супоридани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ, дар сурати мавҷуд будан (TOEFL ва ғайра);
10 Асосномаи таҳқиқоти диссертатсионии банақшагирифташуда дар мувофиқа бо мушовири илмии ватанӣ ё  хориҷӣ (тибқи дархости муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ);
11 Мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);
12 Шаҳодатномаи баробарарзишӣ (аз донишгоҳҳои хориҷи кишвар)

 

Муҳлати қабули хуҷҷатҳо аз 1 июл то 20 августи соли 2018.

Имтиҳонҳои қабул аз 25 август то 30 августи соли 2018 муайян гардидааст.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ ба Комиссияи қабули Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо суроғаи зерин муроҷиат намоед:

734042, ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо-10а, ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ,