Раёсат, ташкилоти ҷамъиятӣ ва коллективи устодону кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ассистенти кафедраи “Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металбурӣ” – Мирзоалиев Азимҷон Исроиловичро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ дар мавзуи «Повышение эффективности процесса центробежной абразивной галтовки за счет совершенствования конструкторско-технологических решений» аз рӯйи ихтисоси 05.02.07 – “Технология и оборудование механической и физико-технической оброботки”  муборакбод менамояд.

Ҳимоя дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-009-и навтаъсиси назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ имрӯз — 28.12.2017 баргузор гардид ва донишгоҳ умедвор аст, дар Шӯроҳои навтаъсиси миллӣ олимони ҷавон рисолаҳои номзадию докторӣ, корҳои илмию тадқиқотии худро пешниҳод намуда, барои пешрафти техникаву технология, рушди иқтисодиёти кишвар ва васеъгардонии фазои илмию эҷодии Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд.