ҚОИДАҲОИ
қабули донишҷӯён ба зинаи бакалавриат

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд, баъди супоридани имтиҳони марказонидашудаи дохилшавӣ ва гузаштан аз озмун тибқи роҳхати Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комиссияи қабули донишгоҳ ҳуҷҷатҳои заруриро месупоранд.

Даври асосии қабул:  август, 2020

Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довталабон ба комиссияи қабул бояд пешниҳод намоянд:

1. ариза ба номи ректор;
2. ҳуҷҷат дар бораи маълумот ё диплом (нусхаи аслӣ);

3. маълумотномаи тиббӣ (шакли 038);
4. 6 адад сурат (андозаи 3х4 см);
5. шиноснома (асл ва нусха);
6. билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (асл ва нусха);
7. нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад);
8. ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар тавассути имтиёз дохил шуда бошад) – шаҳодатнома дар бораи маъюбӣ (барои маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2-юм), хатти вафоти падар ва модар (барои ятимони кулли то синни 21 сола), ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи бепарастор будани довталаб, тавсияномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ барои ғолибият дар олимпиадаҳои ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ аз фанҳои математика, физика ва химия.

Қабули довталабони тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз озмун гузашта дар муҳлати муқарраршуда дар комиссияи қабули донишгоҳ амалӣ мегардад.
Духтарон ва писароне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавсия карда мешаванд, бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
– қарори Шӯрои педагогии мактаб;
– тавсияи шуъбаи маорифи ноҳия;
– роҳхати ҳукумати ноҳия.
Барои довталабоне, ки мувофиқи имтиҳони марказонидашудаи дохилшавӣ ба рӯйхати пешниҳоднамудаи Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ шомил шудаанд ва тариқи таҳсили шартно-мавиро интихоб намудаанд, то супоридани ҳуҷҷатҳо ба хазинаи донишгоҳ пардохт намудани маблағи яксолаи таҳсил ҳатмӣ мебошад.
Дар мавриди дар муҳлати барои ҳуҷҷатсупорӣ муқаррарнамудаи Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ ба комиссияи қабули донишгоҳ ҳуҷҷат насупоридани довталаб ҳуҷҷатҳои ӯ қабул карда намешавад ва рӯйхати довталаби мазкур ҳамчун шахси ҳозирнашуда ба Маркази миллии тестӣ пешниҳод карда мешавад.

Эзоҳ: Риояи сару либоси донишҷӯӣ ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳо ба комиссия ҳатмӣ мебошад.

Санадҳои зарурӣ

Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ

Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм дар соли таҳсил

Қоидаҳои қабул ба магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қоидаҳои қабули довталабон-шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РОҲНАМОИ ДОВТАЛАБ ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ — 2020