Бо ташаббуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, №127 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)» ба тавсиб расид. Ба тавсиб расидани қарори мазкур мақсад ва вазифаҳои иҷрои яке аз талаботҳои «Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, №254)-ро дар масъалаи таъмини шароит барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти шаҳрвандон, ҷомеа ва бозори меҳнат ба таҳсилоти босифат, таъсиси механизмҳои нави институтсионалии танзим дар соҳаи маориф, таҷдиди сохтор ва мӯҳтавои маориф, рушди самти бунёдӣ ва амалии барномаҳои таълимӣ, ташаккули таҳсили муттасил, такмили таъминоти методӣ ва кадрии соҳаи маориф мебошад. Муҳимтар аз ҳама моҳияти дурнамои «Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» он аст, ки сохтори низоми таҳсилоти касбӣ ва тарбияи кадрҳо мутобиқи тавсияҳои Таснифоти байналмилалии стандартии маориф мавриди таҷдиди назар қарор дода шуда, ба таъсиси модели сезинагии маҷмӯии мукаммали тарбияи кадрҳо (бакалавриат-магистратура-докторантура), ки ба низоми ҷамъшавандаи кредитии таҳсилот асос ёфтааст ва он ба тарбияи мутахассисони баландихтисос, ки метавонанд вазифаҳои касбиро дар шароити иттилоотонии ҷомеа ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави илмӣ таъмин намоянд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шавад.

    Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) мутобиқи моддаҳои 13, 25 ва 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» дар асоси  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, №227 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, №529 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015»   ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №114 «Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015» таҳия шудааст.

     Низомномаи мазкур аз 9 боб ва 79 модда иборат буда, асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти «Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD»-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда, вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти онро муайян менамояд ва барои тайёр намудани докторони илми рақобатпазир чи дар дохили мамлакат ва чи дар бозори байналмилалии меҳнат ва илму таҳсилот,  ҳамгироии барномаҳои миллии докторӣ бо фазои ҷаҳонии таҳсилот, ба ҷараёни таҳсилот ворид сохтани технология, усулҳо ва воситаҳои муосир ва муҳими таълим, ки ба рушди инфиродии шахсият, қобилияти вай ба худинкишофёбӣ, худмуайянкунӣ ва худомӯзӣ, амалӣ намудани барномаҳои таълимии сохтори бисёрзинагии таҳсилоти олӣ ва баъди олии касбӣ нигаронида шудааст.

    Мақсади асосии докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)» тибқи Низомномаи таҳияшуда ин дар асоси ҳамгироии таҳсилот ва илм ташкил намудани системаи самараноки тайёр кардани кадрҳои илмӣ, илмӣ- педагогии давраи нав, ки метавонанд дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа, иқтисодиёт, истеҳсолот, илм ва коркарди технологияи нав нақш гузоранд ва онҳоро мукаммал гардонанд, ҳамоҳанг намудани технологияи ватании тайёр намудани кадрҳои илмию педагогии тахассуси олӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ, инчунин, афзалият додан ба ҳалли масъалаҳои илмӣ, методӣ, ҳуқуқӣ, молиявию иқтисодӣ, кадрӣ ва моддию техникии онҳо тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва амалӣ намудани барномаҳои таҳсилотӣ, дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ, ки дар бозори меҳнат ва илми муосир рақобат карда метавонанд, мебошад.

   Докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) дар назди Шӯроҳои диссертатсионии дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторие, ки дар ҷумҳурӣ аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, фаъолият намуда, бо пешниҳоди раёсати муассисаи таълимӣ ва ё илмӣ, дар мувофиқа бо мақомоти давлатии идораи маориф ва пешниҳоди Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи аттестатсионии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи ягонаи Низомномаи Комиссияи аттестатсионии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба шӯроҳои диссертатсионӣ таъсис дода мешавад.

   Сохтори барномаҳои таълимии докторантура аз ду қисми таркибии баробараҳамият- илмӣ ва таълимӣ иборат буда, дар асоси намудҳои гуногуни корҳои омӯзишӣ ва илмию-таҳқиқотӣ, ки мундариҷаи барномаи таълимиро муайян менамояд, ташкил карда мешавад.

     Таҳсил аз рӯи барномаҳои таълимии докторантура дар доираи ихтисосҳои илмӣ дар шакли рӯзона амалӣ шуда, давомнокии азхуд намудани барномаи таълимӣ дар докторантураи муассисаҳои таҳсилоти олии илмию педагогӣ (магистр) на камтар аз 3 солро ташкил медиҳад.

     Қисмати барномаи таълимии докторантураро номгӯйи фанҳои омӯзишие муайян кардааст, ки аз қисматҳои ҳатмӣ ва интихобӣ иборат буда, мувофиқи самти тайёр намудани докторант таҳия гардидааст ва  номгӯйи фанҳо аз тарафи муассисаи   таълимӣ ё илмӣ мустақилона, мувофиқи талаботи тахассусӣ бо назардошти эҳтиёҷоти бозори меҳнат муқаррар карда мешавад.

      Ҳамчунин, Низомнома ҷиҳати амалӣ сохтани барномаи доктории (PhD) танҳо муассисаҳои таълимӣ ва илмиеро салоҳият медиҳад, ки иҷозатномаи мақомоти давлатии идораи маорифро гирифта, кадрҳои омӯзгорӣ,  ки ба технологияи муосири таълим дар мактабҳои олӣ соҳиб мебошанд, дошта бошанд.

       Фаъолияти асосии докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) барои тайёр намудани кадрҳои унвони илмидошта, чи  дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар мусоидат карда метавонад. Докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) аспирантура ва докторантураро, ки ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ амал менамоянд, иваз намекунад ва он тибқи тартиби дар Низомнома муқарраргардида бо гирифтани иҷозатнома баробар бо аспирантура ва докторантураи анъанавӣ фаъолият менамояд.

     Докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) ва фаъолияти шӯроҳои диссертатсионии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии соҳаи маорифро мақомоти давлатии ҷумҳуриявии идораи маориф роҳбарӣ ва назорат намуда, тибқи тартиби муқарраргардида бо дархости муассисаҳои номбурда онҳоро бо намунаи дипломҳои доктор аз рӯи ихтисос (PhD) таъмин менамояд. Дипломи доктор аз рӯи ихтисос (PhD) бо қарори шӯроҳои диссертатсионии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ бевосита аз ҷониби шӯроҳои диссертатсионӣ дода мешавад.

   Тавре дар банди 2-юми қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон           «Дар бораи тасдиқи Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)» омадааст:- «Дипломи дараҷаи илмии доктор аз рӯи ихтисос (PhD) ва дипломи дараҷаи илмии номзади илм баробарарзиш дониста мешаванд».

    Ба тавсиб расидани қарори мазкури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию омӯзгории тахассуси олиро вазифадор менамояд, ки Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктор аз рӯи ихтисос (PhD), доктори фалсафа (PhD) ва додани дараҷаҳои илмии мазкурро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намоянд.

      Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)» сохт ва мӯҳтавои барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисос (PhD), тартиби қабул ва қоидаҳои тайёр намудани докторҳо, талабот ба муассисаҳои таълимӣ ва илмиро муайян намуда, дар низоми таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ, дар кишварамон иқдоми аввалин аст ва барои ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба раванди Болония замина ва шароитҳои мусоид фароҳам меоварад.

          Тасдиқ шудани қарори мазкури ҳукумати ҷумҳурӣ иҷрои яке аз талаботҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» мебошад, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Давра ба давра табдилдиҳии аспирантура, докторантураи анъанавӣ ба докторантураи PhD анҷом дода шуда, гузариши пурра ба низоми сезинагии тайёр намудани кадрҳо (бакалавриат-магистратура ва докторантура) таъмин карда мешавад. Қабули ҳамасола мутобиқи барномаҳои нав дар асоси фармоиши давлатӣ ба магистратура беш аз 2000 нафар ва ба докторантура PhD- 100 нафарро ташкил хоҳад дод. Дар заминаи панҷ муассисаи таҳсилоти олии касбӣ оид ба тарбияи докторони PhD дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои пешрафтаи хориҷии таҳсилоти олии касбӣ, ки барномаҳои аккредитатсияшудаи докторӣ доранд, марказҳо таъсис дода мешаванд».

Leave a Comment