Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ дар толори калони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ вохӯрии устодону донишҷӯёни донишгоҳ бо намояндаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Ҳошимзода ва собиқ вакили Шӯрои Олӣ Адолат Раҳмонова баргузор гардид. Чорабиниро ректори донишгоҳ, академик Ҳайдар Одиназода ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба даргоҳи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ хушомадед гуфт.

Дар оғоз  Даврон Ҳошимзода дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, нақши онро дар таҳкими давлатдорӣ ва ва рушди босуботи мамлакат муҳим арзёбӣ кард. Маҳз Конститутсия барои амалӣ гардидани стратегияҳои миллӣ, аз ҷумла баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ мусоидат намуд. Қайд гардид, ки дар  23 соли мавриди амал қарор гирифтани Конститутсия,  вобаста ба пешрафти замон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо бо ворид карда шудааст. Ин тағйиру иловаҳо ба 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 рост меоянд. Ин тағйироти дахлдор Конститутсияро боз ҳам мукаммалтар намуданд.  Имрӯз Конститутсия дастури роҳнамои мардум гардида, баҳри таъмини амнияту осоиштагии шаҳрвандони Тоҷикистон нақши калон дорад. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо риояи меъёрҳои ин санади муҳими таърихӣ  дар фазои орому осоишта озодона зиндагӣ доранд.

Сипас, дар назди ҳозирин Адолат Раҳмонова, иштирокчии бевоситаи Иҷлосияии ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сухан кард. Ба гуфтаи номбурда, баъди пош хӯрдани шӯравӣ, дар солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон ҳизбу харакатҳое пайдо шуданд, ки бо истифода аз маблағгузории хоҷагони берунӣ мехостанд давлати исломӣ созанд.  Аммо роҳбарони ин ҳизбу ҳаракатҳо муколамаи дуруст надоштанд. Ниҳоят, моҳи феврали соли 1990 дар пойтахт вазъият ноором гардида, дар назди бинои марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон тоҷик хуни тоҷикро рехт. Дар дигар минтақахои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Қӯрғонтеппа хонаҳои ҳамдигарро оташ заданд. Дар натиҷа мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифаи худро аз даст доданд ва пеши роҳи ин бесарусомониҳоро гирифта натавонистанд.  Ҳатто, мухолифин  талоши ҳуҷум ба бинои Кумитаи давлатии амнияти миллиро доштанд. Дар шаҳри Душанбе гузаронидани Иҷлосия душвор буд. Баъди гуфтушуниди тӯлонӣ ба хулосае омадем, ки барои баргузории Иҷлосия минтақаи нисбатан ором, яъне шаҳри Хуҷанд интихоб карда шавад. Ҳамин тавр, дар Қасри Арбоб Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ ба кори худ оғоз бахшида шуд.

Leave a Comment