Асоси рушди иқтисодиёти ҳозиразамон аз энергетика вобаста буда, пешрафти илму техника дар соҳаи мазкур тағйиротҳои куллиро ба миён овардааст. Имрӯз барои ба даст овардани истиқлолияти комили энергетикӣ кишвари мо низ талош дорад, ки он дар заминаи сохтмон ва таҷдиди неругоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ амалӣ шуда истодааст. Барои кори мунтазам ва идораи системаи энергетикӣ, иштирок дар раванди сохтмони неругоҳ ва хатҳои интиқоли барқ ва азнавсозии иншооти соҳаи энергетика муҳандисон нақши муҳимро иҷро менамоянд. Омодасозии кадрҳои баландихтисоси муҳандисии соҳаи энергетика дар кишвар бар дӯши факултети энергетикии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ вогузор карда шудааст. Дар ин самт баҳри ба таври зарурӣ дастрас намудани маълумоти навини дар соҳа ба амал меомада ба донишҷӯён вазифаи аввалиндараҷаи ҳар омӯзгор ба ҳисоб меравад, ки ин дар натиҷаи меҳнати шабонарӯзӣ амалӣ мешавад. Рушди илми соҳаи энергетика дар натиҷаи ташкил ва баргузор намудани маҳфилу семинарҳои илмӣ, иштирок ва маърӯза намудани устодону донишҷӯён дар конференсияҳои гуногуни илмӣ — амалӣ ва иштирок дар баҳсу музокираҳои илмӣ ба даст меояд.

Дар доираи нақша-чорабиниҳои факултети энергетикӣ дар самти омодасозии кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ дошта, ҳамасола омӯзгорони ҷавон ба аспирантураи хориҷи кишвар равон карда мешаванд. Инчунин, устодону донишҷӯёни факултет мунтазам дар конференсия ва семинарҳои сатҳҳои гуногун иштирок ва маърӯза намуда, дар семинар, мизи мудаввар ва озмунҳо иштирок менамоянд. Рӯзи 24 октябри соли 2017 дар веб – семинари сеюми байналмилалӣ дар мавзӯи “Рушди технологияҳои инноватсионӣ дар электроэнергетика”, ки дар ҳамбастагӣ бо олимони донишгоҳҳои Федератсияи Россия, Монголия ва Белоруссия баргузор гардид, фаъолона иштирок намуда, соҳиби сертификат гаштанд.

Ҳамзамон, 24 октябри соли 2017 ду нафар устоди факултет дар мизи мудаввар дар мавзуи “Мусоидат барои равнақдиҳии манбаъҳои азнавтавлидшаванда ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ дар Тоҷикистон”, ки дар “Маркази таълимӣ – омӯзишӣ оид ба манбаъҳои азнавтавлидшаванда ва истифодаи энергия”- и ҶСК “Системавтоматика” бо иштироки  мутахассисони ватанӣ ва хориҷи кишвар баргузор гардид, иштирок ва маърӯза намуданд.

Садорати факултети энергетикӣ ба роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати дастгирӣ ва шароити хуби корӣ фароҳам овардан дар самтҳои зерин арзи сипос намуда, ҳамзамон ба маълумоти устодон, кормандон ва донишҷӯён мерасонад, ки дар моҳе 2 маротиба семинари илмӣ – амалии доимоамалкунандаи назди факултет дар бинои асосии донишгоҳ баргузор гардида истодааст. Хоҳишмандон метавонанд дар кори семинар иштирок намуда, фикру андешаҳои худро доир ба пешрафти соҳаи энергетика баён намоянд, ки коллективи факултети энергетикӣ бо қаноатмандӣ онҳоро мепазиранд.

Leave a Comment