Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини китобҳои Пешвои миллат”  бахшида ба Соли ҷавонон ҷамъбаст гардид.

Ин озмун бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акдемик М. С. Осимӣ  баргузор шуд. Ҳадаф  аз гузаронидани озмуни мазкур  ҳавасмандгардонии донишҷӯён, баланд бардоштани сатҳи тафаккур, ҷаҳонбинӣ, дониши сиёсӣ ва ҳисси ватандӯстӣ мебошад.

Донишҷуёни ҳамаи факултетҳои донишгоҳ дар озмун фаъолона иштирок карданд, аммо дар байни онҳо донишҷӯёни зерин бо тафаккур ва заковати хеш фарқ доштанд. Эҳромиддин Раҳимов — донишҷӯи бахши 2-юми гурӯҳи 700201А1,  факултети С ва М сазовори ҷойи аввал, Сабрина Қосимова — донишҷӯи бахши 2-юми гурӯҳи 450103-02А, факултети ТИ ва К ҷойи дуюм, Саъдӣ Амирзода — донишҷӯи бахши 1-юми гурӯҳи 960101А, факултети С ва М ҷойи сеюм гардиданд. Ғолибон аз номи раёсати донишгоҳ бо мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Leave a Comment