Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини самбо дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия пас аз 42 соли қаҳрамонии ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов яке аз варзишгарони ҷавони тоҷик

БЕҲРӮЗИ ХОҶАЗОДА

мақоми аввал ва медали “тилло”-ро сазовор гардид.

Ин варзишгари муваффақ шогирди мудири кафедраи “Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ ИҶШС, довари дараҷаи байналмилалӣ оид ба гӯштини самбо, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мураббии шоистаи ҶТ, корманди шоистаи варзиши ҶТ, мураббии дараҷаи олии ҶТ – ОБИДОВ САДРИДДИН МИРҶОНОВИЧ мебошад.

Раёсати ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ба Беҳрӯзи Хоҷазода тансиҳатию бурдбориҳои комил ва ба устод Обидов Садриддин дар омодакунии чунин шогирдони ифтихорманд комёбиҳо орзу мекунад.

Раёсати донишгоҳ.

Leave a Comment