Ҷаҳони муосирро бе истифодаи технологияи наву замонавӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Мутахассиси ҳама соҳаҳо  бояд пайваста дар паи такомул ва рушди донишу таҷриба бошад.Дастрасӣ ба омӯзиш ва  такмили таҷриба имрӯз яке аз самтҳои афзалиятноки  илму истеҳсолот ба ҳисоб меравад, ки дар ниҳояти фаъолият сабаби баланд гаштани самаранокӣ мегардад.

Маркази такмили ихтисос ва татбиқи лоиҳаҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ  ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу таҷрибаи муосири замонавӣ, ки  аз супоришу ҳидоятҳои пайвастаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректори Донишгоҳ мебошад, нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда курсҳои омӯзишиву такмили ихтисос  аз рӯи самтҳои гуногун бо фарогириии устодону кормандони дохилӣ ва инчунин аз берун (истеҳсолот)  давра ба давра амалӣ шуда истодааст.

Маркази такмили ихтисос ва татбиқи лоиҳаҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои дутарафаи муфидро  баҳри густариши алоқаи илму  истеҳсолот  роҳандозӣ намуда истодааст. Бо  мусоидати бевоситаи тарафҳо  аз Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон руйхати 30 нафар кормандон ( 15- нафар аз  Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, 15-нафар аз КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт) барои иштирок дар курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи “Иҷозатномадиҳӣ , сертификатсия ва хизматрасонии техникӣ”  пешниҳод гардид. Маркази такмили ихтисос ва татбиқи лоиҳаҳои донишгоҳ аз санаи 2-юми октябр то 4-уми ноябри соли 2017 машғулиятҳоро доир намуд. Шунавандагонро устодони пуртаҷрибаи донишгоҳ аз рӯйи барномаи таҳиягардида сабақ доданд ва пас аз интиҳои курс ба онҳо бо шаҳодатнома сарфароз гардронида шуданд. Супоридани шаҳодатномаҳо рӯзи 17-уми ноябр дар фазои тантанавӣ доир шуд.

Маркази такмили ихтисос ва татбиқи лоиҳаҳои Донишгоҳ ният дорад аз навоҳии тобеъи марказ ва ҷумҳурӣ низ  шунавандагонро дар курсҳои минбаъда фарогирифта, робитаҳои илмӣ-истеҳсолиро мустаҳкам намояд.

Leave a Comment