Бо фармоиши раиси Кумитаи кор ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ « 19»  октябри соли 2017  № 380 тасдиқ шудааст.

НИЗОМНОМАИ озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти  олии касбии мамлакат таҳти унвони  «Донишҷӯи сол-2017»

 

 Муқаррароти умумӣ

Мутобиқи нишондодҳои оморӣ қисмати зиёди ҷомеаи Тоҷикистонро насли ҷавону наврас ташкил медиҳад, ки теъдоди муайяни онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ҷалби нерӯи насли наврасу ҷавон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, ҷалби ин табақаи нерӯманди ҷомеа барои устувор намудани рукнҳои давлатдории навин, ҳимояи марзу буми Ватан ва мутобиқат намудан ба ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз тазодҳову таҳдидҳои замони муосир мусоидат менамояд. Ҷавонон захираи стратегии зеҳнии миллӣ мебошанд.

Ҳукумати кишвар бо мақсади ҳалли масоили ҷавонон ва насли наврас аз оғози Истиқлолият то имрӯз ҳамаи чорабиниҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Зеро ҷавонони солим ва соҳибкасбу ихтисосманд давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Дастгириву ҳавасмандсозӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллат дар меҳвари асосии сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷавобан ба ин ҷавонон низ бо илму дониш, азму иродаи қавӣ дар рушду инкишофи ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистон ҳиссагузор ҳастанд.

Дар ин замина, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Кумита) тасмим гирифтааст, ки озмуни ҷумҳуриявии ҷавонони донишҷӯро миёни донишҷўёни  муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Донишҷӯи сол» (минбаъд озмун) эълон ва ҷамъбаст намояд. Бо мақсади самаранок баргузор намудани озмун Комиссияи он аз тарафи Кумита тасдиқ карда мешавад.

Мақсади озмун

  1. Дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони донишҷӯ, муайян намудани донишҷўи беҳтарин дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ваиштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсї ва ҷамъиятӣ.
  2. Ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии донишҷӯён.
  3. Таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон.
  4. Дарёфти ҷавони донишҷӯи беҳтарин, лаёқатманд, соҳибмаърифат ва ташаббускор.

Пешниҳоди номзадон барои иштирок дар озмун

  1. Номзадии иштирокчии даври ниҳоии озмуни мазкур аз тарафи Шӯъбаи кор бо ҷавонон ба роҳбарияти муассиса ва аз ҷониби роҳбарияти муассиса ба унвонии Кумита пешниҳод карда мешавад.
  2. Барои пешниҳоди донишҷӯён аз ҳар як Донишгоҳу донишкада миқдори якҷоӣ муайян карда шудааст.
  3.  Барои ширкати довталабони озмун чунин ҳуҷҷатҳо бояд пешниҳод карда шаванд:
  • пешниҳоднома ва маълумотномаи муассисаи таҳсилоти олии касбї;
  • тавсифномаи роҳбарияти муассиса, хислатномаи роҳбари илмии донишҷӯ, тарҷумаи ҳоли кӯтоҳ бо ифшои сифатҳои шахсӣ ва корӣ;
  • нусха аз дафтарчаи имтиҳонӣ (бо нусхаи пурраи баҳои донишҷӯ);
  • — мавҷудияти дастовардҳои эҷодӣ ( нусхаҳои шаҳодатнома, диплом, сертификат, сипоснома, ифтихорнома ва ғ);
  • иштирок дар конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, илмӣ-амалӣ, намоишгоҳ, маълумотҳои чопӣ, маърӯзаву баромадҳо, мақолаҳои илмӣ, публисистӣ, шеъру тарона, ки дар давраи донишҷӯӣ эҷод шудааст;
  • иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ (амалӣ намудани ташаббусҳои созанда байни ҷавонон ва бо ин васила рангин кардани ҳаёти донишҷӯён) ва варзишии муассисаи таълимӣ, ноҳия, шаҳр, ҷумҳурӣ (замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фаъолият ва ё дастовардҳо дар ин самт);
  • 2 адад расм бо ҳаҷми 3х4 (чопӣ ва электронӣ).

Шартҳои озмун

  1. Дар озмун ҷавонони донишҷӯи курсҳои 2,3 ва 4, ки танҳо бо баҳои аъло таҳсил мекунанд, ҳуқуқи иштирок карданро доранд.
  2. Ду моҳ қабл аз баргузории озмун ба мактабҳои олии касбии кишвар мактуби расмӣ ва Низомномаи мазкур аз ҷониби сохторҳои Кумита ирсол карда мешаванд.
  3. Озмун дар ду давр баргузор мегардад. Даври аввал дар донишгоҳу донишкадаҳо ва даври ниҳоӣ дар Дастгоҳи марказии Кумита.
  4. Дархостҳо барои иштирок дар даври ниҳоии озмун  то санаи  20 декабр  қабул карда мешаванд.
  5. Тартиби баргузории даври аввал чунин муайян карда мешавад:
    — худмуаррифии иштирокчӣ (бо истифодаи усулҳои нави техникии замонавӣ-слайд презентатсияҳо);
    — саволу ҷавоб вобаста ба мавзӯҳои ихтисосӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, забондонӣ;
    — навиштани кори хаттӣ (бо забони давлатӣ-тоҷикӣ) вобаста ба мавзӯи сиёсати давлатии ҷавонон.
  6. Даври дуюм (ниҳоӣ) низ аз рӯи тартиби даври аввал сурат мегирад. Яъне:
    — худмуаррифии иштирокчӣ (бо истифодаи усулҳои нави техникии замонавӣ-слайд презентатсияҳо);
    — саволу ҷавоб вобаста ба мавзӯҳои ихтисосӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, забондонӣ;
    — навиштани кори хаттӣ (бо забони давлатӣ-тоҷикӣ) вобаста ба мавзӯи сиёсати давлатии ҷавонон.
  7. Дар даври дуюм саволнома ва мавзӯи кори хаттӣ аз ҷониби масъулини Кумита омода карда мешавад.
  8. Ғолибони озмун тариқи овоздиҳии кушод, бо баёни фикр аз тарафи аъзоёни ҳакамон муайян карда мешавад.
  9. Донишҷӯёне, ки дар озмун ғолиб дониста мешаванд, бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии омоданамудаи Кумита (дар ҷойҳо бо тӯҳфаҳои хотиравии Донишгоҳу донишкадаҳо) сарфароз гардонида мешаванд.

Комиссияи озмун

  1. Баррасӣ, баҳогузорӣ ва муайян намудани ғолибони озмун аз ҷониби ҳайати Комиссия анҷом дода мешавад.
  2. Комиссия кори худро ба таври ошкоро ва равшан ба роҳ монда, ба ҳар як иштирокчӣ боадолатона баҳогузорӣ менамояд.
  3. Баҳогузорӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз 1 то 5 хол муайян карда мешавад.
  4. Ҳайати комиссия иборат аз 7 нафар: Раис, аъзо ва котиби масъул муқаррар карда мешавад.
  5. Котиби масъули Комиссия ҳуҷҷатҳои номзадҳоро қабул мекунад, ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳоро тафтиш ва назорат менамояд.
  6. Шартҳои озмун ва натиҷаи кори он дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», сомонаи интернетии Кумита «youth.tj» ва дигар ВАО интишор мегарданд.

Leave a Comment