Боиси таваҷҷуҳ ва хушнудист, ки дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ олимони ҷавон бо бурдани тадқиқоти ва навиштани рисолаҳои илмӣ шуғл варзида, рӯз ба рӯз сафи устодони унвондори донишгоҳро пур мекунанд.

Бо қаноатмадӣ ва изҳори шукргузорӣ раёсати донишгоҳ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва деканатҳои факултети «Энергетикӣ» ва  «Технологияҳои инноватсионӣ» аз ҳимояи рисолаҳои илмии ду нафар ҷавони лаёқатманди донигоҳ иттилоъ медиҳад. Боиси зикр аст, ки ассистенти кафедраи “Электротаъминкунӣ” Воҳидов Миробид Мирвоҳидович рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Физико-химические и технологические основы использования антрацита месторождения Назарайлок для производства холоднонабывной подовой  массы» аз рӯйи ихтисоси 05.02.01-материаловедение (в металлургии) ва муаллими калони кафедраи “Масолеҳшиносӣ, мошинҳо ва таҷҳизоти металлургӣ” Иброҳимов Насимҷон Файзуллоевич рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Физико-химические свойства сплава АМг2 с редкоземельными металлами» аз рӯйи ихтисоси 05.02.01-материаловедение (в машинострении) бо муваффақият ҳимоя намуданд.

Ҳимоя рӯзи 6-уми декабри соли 2017 соати 1100 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-007-и назди Донишкадаи химияи ба номи В.И. Никитини АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Leave a Comment