Муроҷиатномаи ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ба баёнияи иттилоотии ҲНИТ дар бораи озодии Мирзораҳим Кузов

Ҳизби террористии наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳамчун саги дайду аз Ватан ронда шудааст, ҳар рӯз тавассути сомонаҳои мухталифи интернетӣ мехоҳад ба мардуми тоҷик гӯшрас намояд, ки гӯё дар хориҷи кишвар танҳо вай фаъол буда, дар фикри ободии кишвар ва дастгирии ҳамаҷониба ҳамсафони худ мебошад. Рӯзи 29-уми ноябри соли равон бо чунин мазмун баёнияи иттилоотии ин ҳизб дар бораи озодии Мирзораҳим Кузов ба нашр расид. Тибқи ин баёния гӯё Додгоҳи Олии Юнон бо ҳайати мушовара далелҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро беасос ва сиёсӣ номида, дар асоси суханрониҳои Муҳиддин Кабирӣ Мирзораҳим Кузовро аз ҳабс озод кардааст. Ин як устураи навбатии ин ҳизби истидроршуда ва мамнуъ ба ҳисоб рафта, куллан ҳам аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва ҳам аз нигоҳи сиёсӣ нодуруст мебошад, зеро намояндаи комилҳуқуқи Интерпол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мазҳакаи сиёсӣ иштирок надошт. Зеро мувофиқи низомномаи Интерпол, ки Тоҷикистон низ аъзои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ маҳсуб мегардад, шахсоне, ки ба рӯйхати он шомил шудаанд, бояд дар асоси таҳлилу баррасии асноди ирсолшуда ба кишвари аъзои ин созмон интиқол дода шавад. Лекин мутаассифона дар асл ин кор чунин сурат нагирифт.

Бюрои марказии миллии Интерпол дар назди Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, ҳамчун сохтори зертобеи вазорати мазкур маҳсуб мегардад ва ҳадафи асосии вай дар дохили салоҳиятҳои ҷойдошта, таъмини ҳамкорӣ байни сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷии аъзои Интерпол ба ҳисоб мераванд ва мувофиқи вазифаҳои дар пешаш қарордошта Интерполро бо иттилооти зарурӣ дар хусуси ҷинояткорони сатҳи байналмилалӣ таъмин менамояд.

Кормандони Интерпол сарфи назар аз он ки дар кадом кишваре, ки набошад, тибқи Низомнома вазифаи худро бечунучаро иҷро менамоянд. Онҳо ҳеҷ вақт одамони бегуноҳро ба маҳбас намекашанд, ки мисоли равшани он дар маҳбас 50 рӯз нигоҳ доштани Мирзораҳим Кузов мебошад. Ин далел аз он шаҳодат медиҳад, ки намояндагони Интерпол дар Юнон дар доираи қонунҳои ҷории ин кишвар ва талаботи Интерпол ӯро ҳабс карданд. Лекин қароре ки аз ҷониби Интерпол бароварда шудааст, шояд зери таъсири гуруҳҳои махсуси сиёсӣ сурат гирифта бошад ва онҳо дар бораи Тоҷикистон ва муборизаҳои пайдарпайи ин кишвар дар муқобили терроризм ва ҷиноятҳое, ки дар сатҳи террористӣ аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) сурат гирифтаанд, иттилои пурра надошта бошад. Ба ҳар ҳол ҷониби Тоҷикистон то он замоне, ки аз тарафи Штаб квартираи ин муассиса, ки дар шаҳри Леони Франсия қарор дорад, иттилои расмӣ нагирад, баёнияи ҳар гуна ҳизбҳои террористиро пазируфта наметавонад. Сониян, дар мурофиае, ки аз ҷониби Додгоҳи Олии Юнон анҷом гирифт, бояд аз намояндаи миллии Интерпол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат меварзид. Дар он сурат метавон гуфт, ки ин қарори қабулшуда хусусияти ҳуқуқӣ пайдо мекард. Вале ин мурофиа хусусияти якҷониба дошта, онро ҷониби Тоҷикистон куллан пазируфта наметавонад.

Севвум, шоҳидоне, ки дар ин мурофиа иштирок доштанд, ҳама аз ҷониби намояндагони ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ буданд, ки ин падида аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳам вакилон ва ҳам шоҳидон аз ҷониби Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ва бо кӯмакҳои иқтисодии вай сурат гирифта, хусусияти якҷониба ва беасос дорад. Ҷониби Тоҷикистон кӯшиш хоҳад намуд, ки дар асоси далелҳои раднопазир ин мурофиа бо иштироки ҷониби Тоҷикистон бори дигар гузаронида шавад.

Илова бар ин бояд тазаккур дод, ки сарфи назар аз он ки як нафар ё сад нафар аз ҷониби ин ҳизб дар кадом мурофиае, ки набошад, аз ҳабс озод карда шаванд, вале онҳо хоинони Ватан ва ҷосусони сохторҳои байналмилалие мебошанд, ки намехоҳанд, дар кишвари мо сулҳу оромӣ ва пешрафту тараққиёт сурат гирад. Ҳар коре ки онҳо мекунанд, мехоҳанд, пирӯзии худро нишон диҳанд, аммо миллати тоҷик дигар хоинони худро қабул карда наметавонад. Онҳо ба дастархони миллати худ туф карданд, аз Ватан ва Модар ба хотири амалӣ сохтани кадом як идеяҳои бардурӯѓи бебунёд ва идеологияҳои саршор аз зӯроварию тазъйиқ рӯ тофта, мехоҳанд худро ҳамчун шахсони ватандору ватанпараст ва дилсӯзи ин халқ нишон диҳанд. 25 соле, ки баъд аз истиқлолият ва 20 соле, ки аз имзои созишномаи сулҳ сипарӣ гашт, то имрӯз бо сароҳат нишон дод, ки ин ҳизби мартуд на барномаи иқтисодӣ, на барномаи иҷтимоӣ ва ба ҷуз аз як барномаи сиёсии саропо пур аз ѓараз дигар чизе надорад. Он вақте ки барои онҳо таърих ҷудо кард ва миллат онро пазируфта, сарфи назар аз хиёнату ҷаҳолат дигар ҳеҷ кореро анҷом дода натавонистанд. Онҳо имрӯз аз ин ҳукми Модар-Ватан, ки онҳоро бахшида буд ва оѓӯши худро боз карда буд, боз дубора хиёнат карданд ва аз берун низ нисбат ба Ватани худ санги маломат мезананд. Дигар на Модар, на ин хоки муқаддас онҳоро намебахшад. Онҳо писари оқшудаи падар ҳастанд.

Leave a Comment