Дар замони муосир туризм ба яке соҳаҳои тараққикарда табдил ёфта истодааст. Таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи туризм ба кишварҳое равона гардидааст, ки мероси бойи фарҳангӣ, таърихӣ ва табиӣ, инфрасохтори рушдкардаи туристӣ дорад. Таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба омӯзиш, ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ, табиӣ ва таърихӣ, азхудкуни харҷи бештари онҳо ва бунёди инфрасохтори туристӣ, тарбияи баланди ихтисоси соҳа метавонад туризмро ба яке аз манбаъҳои боэътимоди даромади миллӣ табдил диҳад. Яке аз соҳаҳои афзалиятноки туризм ин туризми рекреатсионӣ мебошад ва бештар ба хусусияти куҳи доштани релефи нотакрори кишвар вобаста аст.

Тоҷикистон дорои маконҳои нодири фарҳангӣ, таърихӣ ва табиӣ, аз қабили шаҳрҳои қадима, мавзеъҳои нодири таърихӣ ва табиӣ, обҳои шифобахш, олами нотакрори наботот ва ҳайвонот буда, миёни кишварҳои ҷаҳон бо таърихи куҳанбунёд, мардуми тамаддунсоз ва ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Туризмро ҳамчун соҳаи муҳими иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо барои барқароршавӣ ва рушди туризми байналхалқӣ дар мамлакат, барои ташкили дастрасии ҷумҳурӣ барои ташрифи туристони хориҷӣ, беҳтар намудани вазъи инфрасохтори туристӣ ва санаторию курортӣ, ҷалби сармояҳо ва ҳамин тавр табдил додани Тоҷикистон ба ҷойи тамошои ҷаҳонии туристӣ қабул шудааст.

Туризм яке аз шаклҳои сайёҳие мебошад, ки сайёҳон ба шифохонаҳо, осоишгоҳҳо, курортҳои клиникӣ рафта, дар он ҷойҳо табобат мегиранд ва неруи ҷисмонӣ ва саломатии худро дар базаи меҳмонхонаҳои курортӣ ва осоишгоҳҳо барқарор мекунанд. Баробари гирифтани табобату истироҳат туристон имконият пайдо мекунанд, ки мавзеъҳои тамошобоби гирду атрофи табобатгоҳу осоишгоҳ ва курортҳоро тамошо кунанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 125 иншооти туристӣ ва самти санаторию истироҳатӣ дошта, аз ҷумла 51 меҳмонхона, 9 санатория вуҷуд дошта, қисми боқимондаро минтақаҳои истироҳатӣ, хонаҳои истироҳатӣ, базаҳои туристӣ ташкил медиҳанд. Объектҳои табобатию истироҳатгоҳӣ ва осоишгоҳии кишварамон, ки бо обҳои шифобахшашон дар ҷаҳон машҳур гаштаанд, Гармчашма, Шоҳамбарӣ, осоишгоҳи Зумрад, Ҳавотоғ, Хоҷа Обигарм, Чилучорчашма, Явроз ва ғайраҳо мебошанд, ки дар дохил ва хориҷи кишвар маълуму машҳуранд.

Чилучорчашма дар Тоҷикистон ва дар Ӯзбакистони ҳамсоя хеле машҳур аст. Дар ин мавзеъ, ки дашту биёбон буд, аз зери теппаи начандон баланд панҷ чашмаи калон фаввора зада, ба 39 чашмаи майда тақсим мешавад. Оби ҳамаи чашмаҳо якҷоя шуда, ҷӯйбори калон бо паҳнои 12-13-метрро ташкил медиҳад ва дар он моҳии зиёде мавҷуд аст. Моҳиҳо бо ҷараёни об ба поён нарафта, балки дар худи сарчашмаи обҳо дар масофаи 800-900 метр шино мекунанд.Дар байни аҳолии таҳҷоӣ дар бораи пайдоиши чашма ривояте ҳаст. Ҳангоме ки ҳазрати Алӣ ба ин мавзеъ барои тарғиби ислом омад, дарёи наздиктарини Ромит хушк шуд. Он вақт Алӣ то ба макони ҳозираи Чилучорчашма расида, ба Худо муноҷот кард, то об бифиристад ва ба зери теппа бо дастонаш зад. Аз ҷойи панҷаҳои ҳазрати Алӣ панҷ чашмаи обаш мусаффо баромад. Албатта ин гуфтаҳо ривоят аст ва асоси воқеӣ надошта, бофтаҳои хурофотии мардум аст.

Оби 17 чашмаи он шифобахш ба шумор меравад. Ҳар як чашма хусусияти табобатӣ доранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду равнақи соҳаи туризм метавонад миқдори зиёди ҷойҳои холии кориро ба вуҷуд оварда, теъдоди бештари бекоронро ба кори доимӣ таъмин намояд ва боиси баландшавии сатҳи иқтисодиёти кишвар гардад. Ҳамзамон дар сурати амалӣ гаштани нақшаҳои пешбинишуда ҳаҷми даромаднокӣ аз ин соҳа метавонад даҳҳо маротиба боло равад, ки ин албатта боиси баланд гаштани ҳолати некӯаҳволии халқ мегардад.

Ҳамидова Мадина – донишҷӯйи курси 4, гуруҳи 260202-07, факултети “Технологияҳои инноватсионӣ”

Leave a Comment