Махсусан ҳолате ки дар мулки бегона як ҳамватанро овора сохта, баъдан қасди ҷисман нобуд карданашро мекунанд, ин ҳамватани бечораро ба таври гуруҳӣ мавриди лату кӯб қарор медиҳанду аз ин ҳатто дили туркон, ки ҳамватани мо нестанд, ба дард омада, як ҳамватанро аз зери мушту лагади ҳамватани дигар халос мекунанд, воқеан нангин аст. Ин бори дигар собит месозад, ки террорист ватан надорад, нангу номус надорад, эмон надорад ва ба онҳо эътимод кардан баробар ба худкушист. Тавре хондем, Собиршо Ҳасанов барои зудбовариаш қариб буд бо нақди ҷон пардохт карда, зану фарзандонашро ба доми марг тела диҳад.

Аммо ин ҷо ба ҳамон фаросати Собиршо Ҳасанов аҳсан мегӯем, ки ҷони худро дар варта андохту то охир ба доми андохтаи Гуруҳи 24 ва ТЭТ ҲНИТ наафтод. Бо ақли солим дарк намуд, ки роҳи нишондодаи ин палидони беватану беномус роҳи маргу нобудист.

Пас аз хондани мусоҳиба дарк кардам, ки чаро ҷавонони дар Ватан муътадилу боадаб яку якбора дар хориҷ иртиҷоӣ мешаванду нисбат ба Ватану миллати худ таҳқиру носазогӯӣ оғоз мекунанд ва ин таҳқирномаҳои онҳо тариқи видео дар интернет паҳн мегардад. Чунин ҳолатҳое буданд, ки ҳатто волидонашон дар “шок” монда, фарзандони худро аз тарзи гуфторашон қариб нашиносанд.

Тавре аз мусоҳиба маълум шуд, усули ба хоини миллату давлат табдил додани ҷавонон аз тарафи ТЭТ ҲНИТ усули бағоят маккорона будааст. Дар аввали шиносоӣ онҳо худро хайрхоҳ вонамуд карда, дар баъзе масъалаҳо кӯмак намуда, “объект”-и худро “қарздор” мекунанд. Сипас мафкураи ӯро барои ватанбадбинӣ омода месозанд (таҳқиру дашномҳое, ки Саъдиву занаш нисбати давлату ҳукумат анҷом додаанд), баъдан пешниҳоди пулу паноҳандагӣ дар давлатҳои Аврупо ва ҳамаи ин бар ивази он ки дар назди камера нисбати Ватану ҳамватанон бадгӯӣ кунӣ, то роҳи ақиб гаштанат намонад.

Ин қисмати мусоҳиба парда аз рӯйи найрангҳои ТЭТ ҲНИТ пура мебардорад: “Тавре гуфтам, маблағи пулии шахсоне, ки барои ба Сурия рафтан розӣ мешаванд, аз ҷониби Кабирӣ ва одамони ӯ пардохт мегардад. Пеш аз гирифтани маблағи пулӣ шуморо дар видео сабт мекунанд. Яъне, шумо бояд дар назди камераи телефон нисбат ба Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарияти он дашному ҳақорат  кунед, тарзи зиндагонии Тоҷикистонро ғайриисломӣ ва ноозод гӯед. Изҳор кунед, ки дар Тоҷикистон нисбат ба диндорон ва дини ислом муносибати бад ҷорӣ аст. Одамонро даъват кунед, ки бо Ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гуруҳи 24” ҳамроҳ шуда, ба муқобили Ҳукумати Тоҷикистон мубориза баранд. Вақте баромади худро тамом кардед, суханони шумо сабт шуд, баъд аз он ба шумо 10 ҳазор доллар дода мешавад. Сипас шуморо аз ҳисоби маблағҳои худатон, ки бояд дар Сурия гиред, боз ба Сурия мефиристанд”.

Воқеан, агар касе худро дар вазъияти Собиршо Ҳасанов тасаввур кунад ва ин ҷумлаҳоро хонад, ваҳшатзада мешавад. Ин қадар ҳиллаву найранг ба хотири хиёнат ба Ватану ҳамватанон аз куҷо ба сари Кабириву ӯ баринҳо омадааст? Маълум, ки онҳо дар хориҷи кишвар аз пуштибонии гуруҳҳои манфиатхоҳ, ки нооромиву нокомии Тоҷикистонро мехаҳанд, ҳамаҷониба дастгирӣ шуда истодаанд. Боз шояд саволе пайдо шавад, ки барои чӣ чунин масъалаи глобалӣ – сафарбаркунии ҷавонони тоҷикро ба сафи ДИИШ дар Сурия ба ТЭТ ҲНИТ бовар кардаанд ва чаро аксаран ба ин дом ҷавонони муҳоҷири тоҷик меафтанд?

Таърихи сиёҳи фаъолияти ТЭТ ҲНИТ собит кардааст ва дар мусоҳибаи Сайҷалол Сияҳаков, собиқ муовини сардори созмони амнияти Наҳзати исломии Тоҷикистон бо нашрияи “Хатлон” низ зикр гардидааст, ки ТЭТ ҲНИТ дар гумроҳсозии муҳоҷирон ҳанӯз аз замони ҷанги шаҳрвандӣ таҷриба андӯхтааст. Маҳз дар ҳамон давра бо супориши хоҷагони хориҷиашон дар кишвар нооромиҳоро роҳандозӣ карда, мардумро ба гурехтан ба Афғонистон ташвиқ мекарданд ва касоне ки “гуреза” шудан намехостанд, кушта мешуданд. Дар Афғонистон бошад, боз ҳамин ҳиллаҳое, ки нисбати Собиршо Ҳасанов анҷом доданд – нишон додани ҳиси “ғамхорӣ”, ба курсҳои хоинтайёркунӣ фиристодану мағзшӯӣ кардан, аз ҳисоби онҳо омода намудани дастаҳои террористӣ ва ба муқобили миллату Ватан сафарбар намудани онҳо.

Агар Сайҷалол Сияҳаков дар бораи мактаби хоинтайёркунии ҲНИТ ишорае карда бошад ва он ҳам беш аз 20 сол пеш, аммо Собиршо Ҳасанов дар таҷрибаи талхи ҳаёти худ собит сохт, ки дари ин “мактаб” ва дари ҳамёни муассисону маблағгузорони хориҷии он ҳанӯз ҳам боз аст. Маҳз ба хотири фош нашудани ин сир Кабирӣ фармон дод, фавран Собиршо Ҳасанов ва аҳли оилаи ӯро ҷисман нобуд кунанд. Зеро эшон бо вуҷуди таклифу мағзшӯйиҳо ва бо вуҷуди дарки мақсаду ҳадафҳои ТЭТ ҲНИТ ба хотири гумроҳсозии ҷавонон ба рӯйи худ кашидааст, боз якеи дигарро барканд ва чеҳраи манфурашро як бори дигар ба намоиш гузошт. Ин сарнавишт боиси ибрати мо ҷавонон аст. Мо ҷавонони саодатманд, ки дар фазои сулҳу оромӣ кору зиндагӣ ва таҳсил карда истодаем, бояд бо шукргузорӣ дар пайи ватансозӣ бошем ва ба иғвову дасисаҳои миллаткуши ин хоинону асолатботагон дода нашавем.

Асламшо ҲИКМАТШОЕВ, собиқадори меҳнат аз ноҳияи Муъминобод.

Сарчашма: Рӯзномаи “Минбари халқ”, 6.12.2017, №49 (1133), саҳ. 10.