Боиси хурсандӣ ва ифтихор аст, ки бо дастгирӣ ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон Комиссияи олии аттестатсионӣ таъсис ёфт.

Дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баҳри дастгирии олимони ҷавон, равнақ бахшидани рушди техника ва технология ду Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос созмон дода шуд.

Ҳимояи аввалин имрӯз – 28-уми декабри соли 2017, соати 1000 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-009-и назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор гардид, ки дар он ассистенти кафедраи “Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металбурӣ” – Мирзоалиев Азимҷон Исроилович бомуваффақият рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Повышение эффективности процесса центробежной абразивной галтовки за счет совершенствования конструкторско-технологических решений» аз рӯйи ихтисоси 05.02.07 – “Технология и оборудование механической и физико-технической оброботки” ҳимоя намуд.

Мо Мирзоалиев А.И.-ро бо ин муваффақияти илмӣ табрик карда, ба ӯ дар корҳои илмию эҷодӣ ва ҳаётию касбиаш таманнои бурдбориҳо дорем.

Донишгоҳ умедвор аст, ки дар Шӯроҳои навтаъсиси миллӣ олимони ҷавон рисолаҳои номзадию докторӣ, корҳои илмию тадқиқотии худро пешниҳод намуда, барои пешрафти техникаву технология, рушди иқтисодиёти кишвар ва васеъгардонии фазои илмию эҷодии Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Leave a Comment