Чанде пеш аз ҷониби созмони муътабари британии “ Институт Legatum” рейтинг (раддабандӣ)-и кишварҳои олам дар робита бо комёбиҳо ва шукуфоӣ гузаронида шуд, чунин таҳқиқот аз соли 2006 ин ҷониб сурат гирифта, ҳамасола натиҷаҳои он рӯнамоӣ мегардад. Боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд бошад, ки дар ин рейтинг Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми шоистаро соҳиб шуд. Аз лиҳози нишондиҳандаҳо дар бахшҳои амният ва маориф ба кишвари мо мутаносибан мақомҳои 49 ва 54-умро сазовор донистанд. Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар ин рейтинг вобаста ба бахшҳои зикршуда кишвари мо дар ҷойи 100-ум қарор дошт. Аз рӯйи нишондиҳандаҳои маҷмуӣ Тоҷикистон зинаи 102-юмро соҳиб гардид. Гуфтан бамаврид аст, ки Федератсияи Русия дар ҷойи 101, Қазоқистон 72, Қирғизистон 82 ва Белорус зинаи 95-умро соҳиб шуданд.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки на ба ҳама мамлакатҳо имкон даст медиҳад, ки дар чунин рейтингҳо комёб гардида, ба ин васила аз эътибору эътирофи хоса бархӯрдор гарданд. Тибқи қавонини байналмилалӣ, эътирофи чунин созмонҳо омили саҳлу содда набуда, далели эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дурнамои неки ин ё он мамлакат маҳсуб мешавад. Лозим ба ёдоварист, ки чанде пеш авз ҷониби созмонҳои бонуфуз шаҳри Душанбе дар қатори пойтахтҳои кишварҳои мутамаддин амнтарин шаҳри сайёра эътироф шуда буд. Ба ғайр аз ин, ду моҳ қабл аз ҷониби созмони дигари бонуфуз – “Форуми байналмилалии иқтисодӣ” рейтинги рақобатпазирии глобалии 137 кишвари олам гузаронида шуд, ки дар он низ Тоҷикистон мақоми қобили таваҷҷуҳро соҳиб гардид. Аз Осиёи Марказӣ кишвари мо дар зинаи 70-ум қарор гирифта, ба Қазоқистон ва Қирғизистон мутаносибан ҷойҳои 115 ва 122-юмро сазовор донистан. Дар рейтинги мавриди назар ба даҳгонаи беҳтаринҳо Сингапур, Швейтсария, Гонконг, Нидерландия, Чопон, Фаронса, Португалия, Австралия ва ИМА шомил шуданд.

Вақте бо иттилои мазкур ошно шудам, аз амалкарди баъзе олусон, аз ҷумла аъзои ТЭТ ҲНИТ ҳайратам афзуд. Ин нокасон, ки аз “хулоса”-ҳои баъзе созмонҳои мазҳакабози хориҷӣ, ки бар зиди кишвари мо ҳаст, истиқбол ва онро филфавр расонаӣ мекунанд, вале чаро дар ин маврид хомӯшанд? Омилест, ки ба шарҳу тавзеҳ ниёз надорад…

Хандаовар аст, ки ин тӯдаи террористҳо бо вуҷуди ғарқи гуноҳ будан ба ибтикороти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эрод мегиранд. Хурду калони Тоҷикистон медонанд, ки дар зиндагиву фаъолияти наҳзатиҳо ва пешвоёни онҳо гуноҳҳое, амсоли ришвахӯрию фасод бо ширкат дар раванди хатарэҷодкунӣ ба сулҳу суботи кишвар, анҷоми амалҳои террористӣ ва охируламр кӯшиши табаддулоти давлатӣ зуҳуроти маъмул буду ҳаст. Бинобар ин, бо “аз зери нохун чирк кофтан” онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонанд, ба обрӯи ҳукуматдорон латма ворид созанд.

Бегуфтугӯ, ТЭТ ҲНИТ тасмими бо роҳи ғайриқонунӣ расидан ба қудратро дошт. Биноан, аз имконоти фароҳамнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳо иҷозаи фаъолият ба ягонаи ҳизби исломӣ дар минтақаро дода буд, сӯйиистифода карда, хеле зуд хешро дар арсаи сиёсат аз ҳизбҳои калидӣ пиндошт ва бозии хатарнокро оғоз кард. Мехост “ҳам лаъл ба даст ораду ҳам ёрро наранҷонад”. Аз кӯмакҳои хориҷӣ ком бардораду ниятҳои муғризонаи худ ва хоҷагони хориҷиашро амалӣ намояд. Тадриҷан парда аз рӯйи нақшаҳояш бардошта, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораҳои қонунӣ андешида шуд. Имрӯз дигар барои касе пинҳон нест, ки роҳбарони фирории ТЭТ ҲНИТ аз ҳиллаҳои нав ба нав кор мегиранд ва дар ин самт такя ба мақомот ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ низ мекунанд. Аз он меболам, ки тамоюли афзоишро касб намудани раванди эътирофи созмонҳои байналмилалӣ дар робита ба дастовардҳои кишвари мо тири онҳоро хок хӯронд. Ин “бузургон” бояд дарк намоянд, ки ҳар миллатеро ғайр аз фарзандони бонангаш дигар такягоҳу пуштибон ва мададгораш набуду нест ва намешавад. Агар нисбат ба ТЭТ ҲНИТ мақомоти зиддахли Тоҷикистон саривақт чораандешӣ намекарданд, пайомадҳояш барои тоҷику тоҷикистониён фоҷиавӣ мегашт. Кунун, ки ба шарофати “иқдомоташон” ТЭТ ҲНИТ дар рӯйхати ташкимлоти террористӣ ҷойгузин шуд, чизе наметавонад ба онҳо минҳайси “обсофкунак” хизмат кунад. Ҳарчанд айни замон то андозае дар манзили хоҷагонашон “болонишин”-анд, вале он рӯз дур нест, ки хоҷагонашон низ аз онҳо рӯ тобанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати начандон тӯлонӣ ба дастовардҳои қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш ноил шудаву ин раванди бардавом аст. Муҳимтар аз ҳама, тоҷику тоҷикистониён аз Пешвои муаззами худ розианд ва бо инояти Худованд комёбӣ ҳамсафари доимии мост. Аз он ки дастовардҳои мо иддаеро “бемор” кардааст, бим надорем. Зеро:

 

Гар айби хоки поки Сиистон кунад касе,

Дарё палид менашавад аз даҳони саг.

 

Умеди МИРЗОШОҲ, рӯзноманигор.

Сарчашма: Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, 7.12.2017, №49 (9527), саҳ. 13.

Leave a Comment