Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи асосии донишгоҳ маҷлиси ҷамъбастии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ таҳти мавзуи “Натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар соли 2017 ва муайян намудани самтҳои асосии рушди он барои солҳои минбаъда” баргузор гардид. Ҷаласаи мазкур ҳамчун маҷлиси васеи Шӯрои олимони донишгоҳ баргузор гардида, дар он тамоми устодони донишгоҳ ширкат намуданд.

Дар маърӯзаи ҳисоботии ректори донишгоҳ фаъолияти солонаи донишгоҳ бо тамоми дастоварду комёбиҳо, ободонию пешравиҳо ва камбудиҳои бартарафшавандаи ҷойдошта оварда шуд.

Дар оғоз Ректори донишгоҳ соли сипаришударо бо тамоми бурду бохтҳояш барои кишвар соли таърихӣ, соли пур аз дастовардҳои бузурги сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию иҷтимоӣ, илмӣ, соли таҳкиму густариши робитаҳои байналмилалӣ ва рушди соҳаи варзиш номида, аз номи коллективи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ваъда дод, ки дар қатори тамоми мардуми тоҷик шукргузор аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фазои осоиштаю дастархони пур аз неъмати мардум боз ҳам барои татбиқи ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат тамоми кӯшишу ғайрати худро дареғ нахоҳем дошт.

Қайд гардид, ки мо дар соли сипаришуда бо ифтихори миллӣ ва хештаншиносӣ дар фазои сулҳу ваҳдат ва бо шукуҳу шаҳомати идона ҷашнҳои 20-солагии Ваҳдати миллӣ, 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли Ҷавононро таҷлил намудем ва боз ҳам ба сулҳофаринию ҷондифоии Пешвои муаззами миллат эътимодамон мустаҳкамтар гардид.

Инчунин дар ҷаласа доир ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 22-юми декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, истода гузашта, махсусан нуктаҳои ба соҳаи маориф, ҷавонон, таълиму тарбия ва рушди илму техника вобастаро ҳамчун иқтибос бори дигар ба иштирокдорон расонида шуд.

Нисбат ба самти таълими донишгоҳ зикр гардид, ки ҳадафи асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ омода намудани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ дар се зинаи таҳсилот, яъне бакалавриат, магистратура ва докторантура мебошад.

Айни ҳол дар донишгоҳ 396 нафар устодони асосӣ ва 185 нафар ҳамкорон (79 нафарашон дохила, 106 нафарашон беруна) кор мекунанд. Дар байни устодон 31 нафар докторони илм аз он ҷумла 27 нафарашон профессорони дипломдор мебошанд. Номзадҳои илм 191 нафарро ташкил медиҳанд. Чӣ тавре ки мебинем таносуби устодони унвондор 45%-ро ташкил медиҳад.

Соли ҷорӣ зинаи бакалавриати донишгоҳро дар 31 кафедраи тахассусӣ аз рӯйи 59 ихтисос дар шӯъбаи рӯзона 1700 нафар (493-аъло, 695-хуб, 512-миёна) хатм намуданд.

Шӯъбаи фосилавии зинаи бакалавриатро бошад, 210 нафар (20-аъло, 84-хуб, 106-миёна) нафар хатм намуданд. Дар маҷмӯъ зинаи бакалавриатро 1910 нафар хатм намуд, ки 82  нафари онҳоро духтарон ва 17 нафарашонро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Аз шумораи умумии донишҷуёни зинаи бакалавр ба 9 нафар бо тавсияи КАХ бинобар сабаби ба талаботи Низомномаҳо ҷавобгӯ будан дипломи аъло дода шуд, ки 0,47%-и хатмро ташкил медиҳад.

Дар зинаи магистратура донишгоҳро дар 10 кафедраи тахассусӣ аз рӯйи 11 ихтисос 134 нафар (51-аъло, 66-хуб, 17-миёна) хатм намуданд, ки  11 нафари онҳоро духтарон ва 1 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд.. Аз шумораи умумии магистрҳо ба 19 нафар хатмкунандагон бо тавсияи КАХ бинобар сабаби ба талаботи Низомномаҳои амалкунанда ҷавобгӯ будан дипломи аъло дода шуд, ки 14,17% хатмро ташкил медиҳад.

Дар маҷмуъ соли ҷорӣ донишгоҳро 2113 нафар хатм намуданд.

Инчунин дарҷ гардид, ки бешубҳа вазифаи асосии донишгоҳ таъмини босифати раванди таълим ва омода намудани мутахассисони донишманду соҳибкасб мебошад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Тоҷикистон аз рӯйи барномаҳои давлатии қабулкардаи Ҳукумат минбаъд ба сӯйи мамлакати саноативу аграрӣ қадам гузошта, дар ояндаи наздик барои мо мутахассисони сатҳи баланди касбҳои техникӣ ва технологӣ зарур мешаванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ба фанҳои равияҳои табииву техникӣ ва риёзиву дақиқ диққати бештар дода, маводи зарурӣ доир ба ин фанҳо таҳия ва нашр карда шаванд”.

“Ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат аз ислоҳот дар ин зинаи таҳсилот ҷорӣ кардани стандартҳои байналмилалӣ, ба таҳсилоти ҷаҳонӣ наздик кардани барномаҳои таълимӣ, навсозии сифати таълим ва омода кардани кадрҳои босалоҳияте, ки ҷавобгӯи талаботи бозори дохиливу хориҷӣ бошанд, ба шумор меравад”.

Дар самти иҷрои ин дастури Ҷаноби Олӣ тайи солҳои сипаришуда корҳои зиёде амалӣ карда шуданд. Донишгоҳ пурра ба шакли дузинагии таҳсилот ва низоми кредитии таълим гузашт, соҳиби акредитатсияи байналмиллалӣ барои якчанд ихтисос гашта, кӯшиш намуда истодааст, ки омодакунии мутахассисонро тибқи талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ба роҳ монад.

Соли 2017 донишгоҳ қабули 2970 довталабонро аз рӯйи 82 ихтисос (72 ихтисос аз кластери 1 ва 10 ихтисос аз кластери 2) тавассути ММТ-и назди Президенти ҶТ ба нақша гирифта буд, ки аз онҳо 417 нафар буҷавӣ ва 2553 нафараш шартномавиро ташкил медод.

Ба курси якуми магистратура 386 нафар (57 буҷавӣ, 331 шартномавӣ) ва маълумоти дуюми олии касбӣ — 84 нафар шартномавӣ, баъди хатми коллеҷҳои соҳавӣ 161 нафар (12 нафар буҷавӣ ва 149 нафар шартномавӣ) донишҷӯён қабул карда шуданд.

Умуман ба донишгоҳ 3079 нафар донишҷӯён (бакалавриат, магистратура, идомаи таҳсил, ТДОК) қабул карда шуданд, аз онҳо 2547 нафар шартномавӣ ва 532 нафар шакли таҳсили буҷавӣ мебошанд.

Ҳоло контингенти умумии донишҷӯёни донишгоҳ – 9134 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он духтарон – 614 нафар (6,7%), тибқи квота – 186 нафар (2%) (духтарон – 69 нафар ва писарон – 117 нафар), аз ҷумла донишҷӯёни таҳсили рӯзона – 6816 нафар (74,62%), (буҷавӣ – 2053 нафар (22,47%), шартномавӣ – 4763 нафар (52,14%), ғойибона (шартномавӣ) – 1531 нафар (17%), маълумоти дуюми олии касбӣ – 287 нафар (3,1%), магистратура – 500 нафар (5,47%)-ро ташкил медиҳанд.

Боиси қайд аст, ки соли ҷорӣ, соатҳои дарсии ФМТ ДМТБ-ДТТ ва АДАБ –ДТТ дар ҳаҷми 28118 соат (41,3 басти корӣ) мебошад ва аз ин миқдор 19168 соат ба сарбории омӯзгорон ворид карда шуд. Қайд менамоем, ки солҳои қаблӣ ин соатҳо дар сарбории омӯзгорон ворид нашуда, балки пура ба таври соатбайъ пардохт мешуданд, аммо барои нигоҳ доштани ҳайати омӯзгорони кафедраҳои донишгоҳ ин соатҳо дар ду соли охир ба сарбории омӯзгорон ворид карда шуд.

Дар баромади ректор қайд гардид, ки соли 2017 дар ФМТ ДМТБ-ДТТ ва АДАБ –ДТТ кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ ва умумитехникӣ” ташкил карда шуд.

Доир ба китобхонаи илмӣ-техникии донишгоҳ гуфта гузаштанд, ки барои дар амал татбиқ намудани нишондод ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон тибқи Низомнома ва Нақшаи солона китобхона фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Кормандон барои қонеъ намудани талабу дархости хонандагон бо маводи чопиву электронӣ, такмили фонди китобӣ, ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳими илмӣ, фарҳангиву маърифатӣ, феҳристнигории анъанавию электронӣ, дастурҳои методӣ ва бахшҳои дигар мунтазам талош меварзанд.

Соли 2017-ум 4023 нусха китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методию таълимӣ ба маблағи умумии 43 986,24 сомонӣ ба китобхона ворид ва мавриди коркард қарор дода шуд (ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2016-ум 1463 нусха камтар аст). Аз ҷумла, китобҳо – 1179 нусха, маҷаллаҳо – 10 номгӯй (493 шумора), рӯзномаҳо – 15 номгӯй (28 028 шумора), авторефератҳо – 100 нусха, маводи методӣ-таълимӣ – 2844 нусха.

Дар самти фаъолияти ташкилию тарбиявии донишгоҳ махсусан баён шуд, ки доир ба ташкил ва гузаронидани корҳои тарбиявӣ, тарғиботӣ, фарҳангӣ ва идеологӣ, ки баҳри ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва баландбардории маърифату маънавиёт дар самтҳои тарбияи инсонӣ, худогоҳии миллӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, ватандӯстӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва ҳаёти солим ба роҳ монда шудааст.

Чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва маънавӣ, ба монанди ҷашн гирифтани рӯзҳои Артиши миллӣ, Рӯзи Модар, Наврӯз, Рӯзи Ғалаба, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Дониш, ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, 20 солагии Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами миллӣ ва таҷлили чорабиниҳо бахшида ба эълон гаштани соли 2017-Соли Ҷавонон мебошанд, ки бо руҳияи баланди фарҳангию сиёсӣ бо иштироки устодону кормандон ва донишҷӯён бо ҷалби васеи ВАО ташкил ва гузаронида шуданд.

Қайд гардид, самти асосии фаъолияти корҳои ташкилию тарбиявӣ таъмини тартиботи дохилии донишгоҳ ва риояи сару либоси тавсиявӣ мебошад, ки он ҳамарӯза аз тарафи тамоми сохтори дахлдор назорат ва иҷро шуда истодааст ва он то ҳол қонеъкунанда набуда, беҳбудирро тақозо мекунад. То ба ҳол сари вақт ба дарс ва ба кор ҳозир нашудани донишҷӯён ва устодону кормандон, риоя накардани сару либоси тавсиявӣ ва тартиботи дохилӣ ба назар мерасад, ки ин албатта ба дигар самтҳои фаъолияти корҳои таълимию тарбиявӣ таъсири манфӣ мерасонад. Вобаста ба ин аз тарафи Раёсати донишгоҳ дар якҷоягӣ бо таклифу пешниҳодоти деканати факултетҳо ва дигар сохтори дахлдори донишгоҳ нисбат ба устодону кормандон ва донишҷӯёне, ки тартиботи дохилаи донишгоҳро вайрон кардаанд, яъне бесабаби узурнок дарсшиканӣ доранд, бо пешниҳоди деканати факултетҳо ва сохтори дигари донишгоҳ тибқи фармоиши ректори донишгоҳ чораҳои зарурӣ ба монанди сарзаниш, танбеҳ, хориҷ ва нисбат ба устодону кормандон муҷозоти молиявӣ андешида шудааст. Вобаста ба гуфтаҳои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки давомоти донишҷӯён ба дарс ва риояи таъмини тартиботи дохилаи донишгоҳ аз устоди дарсбаранда вобастагии калон дорад.

Дар раванди корҳои тарбиявӣ аслан мавқеи кафедраи “Ҷомеашиносӣ” калидӣ ҳисобида шуд, қисмати якум ва дуюми нақшаи таълимӣ 9 номгӯйи фанҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад ва якҷоя бо кафедраҳои тахассусӣ дар самти татбиқ ва барои пеш бурдани сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми калон доштани онҳо таъкид мешавад.

Кафедра вазифадор карда шуд, ки бо шуъбаҳои дахлдор ва рӯзномаи “Муҳандиси ҷавон” фаъолияташро пурзӯр намуда, бо ташкил намудани маҳфилҳои гуногуне ки метавонад ҷаҳонбинии ҷавононро васеъ намояд, машғул шаванд.

Бо ин мақсад комиссияҳои доимии Шӯрои кураторон низ вазифадор карда шуданд, ки то 30-юми январи соли 2018 нақшаи чорабиниҳои худро дар асоси Низомномаи Шӯрои кураторон таҳия намояд ва то 25-уми марти соли 2018 Консепсияи рафти назорати доимии дарс, алоқаи устод бо донишҷӯ, алоқаи устод бо волидайн, нисбат ба тартиботи дохилӣ, инчунин ҷавобгар будани устоди дарсбаранда дар аудитория ва ҳифз намудани моликияти ҷамъиятиро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Шӯрои олимон пешниҳод намоянд.

Дар самти корҳои ташкилию тарбиявӣ дар қатори фаъолияти Шӯрои занон ва духтарон, фаъолияти Шӯрои донишҷӯёни хобгоҳ ва монанди инҳо боз дар самти ҳавасмандгардонӣ ва кӯмаки молиявӣ низ ахборот дода шуд.

Барои ҳавасмандгардонии устодону кормандон нисбат ба пешниҳод кардани онҳо ба мукофоти гуногун корҳои зиёде ба сомон расонида шуд. Аз он ҷумла, ба 82 нафар корманд, 154 нафар донишҷӯ ифтихорномаву сипосномаҳо, ба 2105 нафар устодону кормандон дар арафаи Иди Модарон ва дар арафаи идҳои Қурбон, Ваҳдат, Рӯзи омӯзгорон; ба 1492 нафар донишҷӯ мукофотпулӣ дода шуда, номзадии 6 нафар устодон ба мукофоти соҳавӣ (4 нафар Аълочии маориф ва илми ҶТ, 2 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ), 15 нафар кормандону омӯзгорон ифтихорномаву сипосномаҳои Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Боиси зикр аст, ки аз тарафи иттифоқи касабаи донишҷӯён чунин қадрдонӣ низ чашмрас буда, нисбат ба солҳои пешин зиёд аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2017 қайд намуда буданд, ки …“Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд….”.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар истеҳсолот ба роҳ мондани дастовардҳои инноватсионӣ, рушди устувори ҷомеа ва ҳали мусбати масоили мубрами соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар, макотиби олии техникии кишвар бо фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионии худ дар мукаммалгардонии самтҳои техникию технологии бахши воқеии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисаи босазои худро гузошта истодаанд.

Дар соли ҷорӣ устоди ҷавони донишгоҳ Умаралиев Раҷабалӣ Шамсович (Раҷабалии Шамс) сазовори Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ гардид.

Дар хориҷи кишвар дар аспирантура 50 нафар ассистентони донишгоҳ ва 1 нафар устоди донишгоҳ дар докторантура таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 12 нафар устодон соли 2017 фиристода шудаанд.

Мувофиқи нақшаи қабул соли 2017/2018 ба аспирантура ва докторантураи PhD донишгоҳ ба аспирантура ҳамагӣ 6 нафар устодон ва хатмкунандагони донишгоҳ қабул шуданд, ки аз инҳо 1 нафар таълими рӯзона ва 5 нафар таълими ғойибона буда, ба докторантураи PhD 26 нафар хатмкунандаҳои донишгоҳамон ва хатмкунандагони донишгоҳҳои Федератсия Россия қабул шуданд, ки аз инҳо 22 нафар тариқи буҷавӣ ва 4 нафар тариқи шартномавӣ мебошанд. Инчунин 8 нафар унвонҷӯён низ барои оғози кори илмӣ қабул гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 13 нафар устодону кормандони донишгоҳ рисолаи номзадӣ ва докторӣ, ки 2 нафар рисолаи докторӣ ва 9 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд. Ин дар рақам дар қиёс бо соли гузашта се нафар камтар аст, ки сабаби асосии он баста шудани баъзе Шӯроҳои диссертатсионии Феденратсияи Россия дар Тоҷикистон мебошад.

Бо шарофати таъсисёбии Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» донишгоҳ имконият пайдо шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ донишгоҳ се Шӯрои диссертатсионӣ дар самтҳои “Мошинсозӣ ва металлургия”, “Сохтмон ва меъморӣ”, “Нақлиёт, технологияи информатсионӣ, энергетика ва логистика”  таъсис дод.

Рӯзи 28-уми декабр ҳимояи аввалин (аспирант Мирзоалиев Азим) дар Шӯрои диссертатсионӣ 6DKOA–009 бомуваффақият баргузор гардид. Шӯроҳои диссертатсионии таъсисёфта фарогири тамоми самтҳои фаъолияти илмӣ-таълимии донишгоҳ мебошанд.

Дар ҳисобот дарҷ гардид, ки барои муаррифӣ намудани натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ соли 2017 маҷаллаи илмии донишгоҳ бо номи “Паёми политехникӣ” дар ду бахши алоҳида таъсис дода шуд. Маҷаллаҳои илмии донишгоҳ ба қайди РИНЦ сайти http://elibrary.ru/ дароварда шудаанд. Инчунин боиси ифтихори донишгоҳ аст, ки маҷаллаи “Паёми политехникӣ”, бахши “Таҳқиқотҳои муҳандисӣ” аз 18-уми октябри соли 2017 ва маҷаллаи “Паёми политехникӣ”, бахши “Интеллект. Инноватсия. Инвеститсия” аз 18-уми декабри соли 2017 ба рӯйхати маҷаллаҳои тақризии Комиссияи олии аттестатсионии ФР ворид гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ (30.08.2017) қайд намуда буданд, ки “… такмили донишу маҳорати омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ муҳимтарин омили беҳтар намудани сифати таълим мебошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба масъалаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон эътибори ҷиддӣ дода, фаъолияти марказҳо, курсҳо ва донишкадаҳои такмили ихтисос зери назорати доимии Вазорати маориф ва илм, инчунин, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, қарор дода шавад”.

Дар соли ҳисоботӣ 130 нафар устодону кормандони донишгоҳ курси такмили ихтисосро гузаштанд, ки 33% шумораи умумии ҳайати профессорону устодонро ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки тибқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии амалкунанда бояд ҳамасола 25% аз ҳайати умумӣ бояд аз курси такмили ихтисос гузаранд.

Соли равон донишгоҳ ғолиби Гранти хурди лоиҳаи Бонки умумиҷаҳонӣ «Рушди таҳсилоти олӣ» оид ба гузаронидани курси такмили ихтисос дар самти хизматрасониҳои иҷозатномадиҳӣ, сертификатсия ва нигоҳубини техникии нақлиёти автомобилӣ гардид.

Парки технологии донишгоҳ ҳамчун муассисаи инноватсионӣ бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда фаъолияти хеле хуб бурда истодааст ва айни замон дар миёни паркҳои технологии кишвар пешсаф мебошад.

Айни замон заминаи моддию техникии паркро асосан озмоишгоҳҳои кафедраи “Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳои металбурӣ ва олотҳо” Маркази муҳандисию техникӣ дар бинои асосии донишгоҳ, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҳиндустон сохта шудааст, ташкил медиҳад.

Дар Маркази муҳандисию техникӣ аз тарафи устодони кафедраи “Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳои металбурӣ ва олотҳо” якчанд дастгоҳҳои намунавӣ, аз ҷумла насоси гидротаран, дастгоҳи коркарди сангҳои қимматбаҳо, таҷҳизоти озмоишии таълимӣ ва ғайра тайёр шудаанд. Аммо аз сабаби мушкилоти маблағгузорӣ татбиқи амалии онҳо тӯл кашида истодаст.

Ҳозир масъалаи ба воситаи парки технологӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронидани озмоишгоҳҳои кафедраҳои тахассусӣ, баҳри пайдо кардани ҳуқуқи санҷиши сифати молу маҳсулоти мувофиқ бо ҷалби нерӯи илмӣ-омӯзгории донишгоҳ баррасӣ шуда истодааст.

Айни замон парки технологии донишгоҳ асосан корҳои илмию тадқиқотиро бо корхона ва ташкилот дар асоси шартнома ба роҳ монда, инчунин барои донишгоҳу донишкадаҳои кишвар таҷҳизоти лабораторӣ тайёр карда истодааст.

Бо Ҷамъияти саҳомии фаръии «Сохтмони асосӣ»-и ҶСК «НБО Роғун» шартномаи ҳамкорӣ нисбат ба муайян кардани меъёри истифодабарии таҷҳизот, дастгоҳ, қисмҳои ҷудогонаи воситаҳои нақлиёт ва сӯзишворӣ, таҳияи низомнома, ҳуччатҳои меъёрию хуқуқӣ ва дигар санадҳо ба забони давлатӣ баста шудааст.

Парки технологии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар мувофиқа бо роҳбарияти донишгоҳ барои ҷалби донишҷӯёни соҳибзавқи донишгоҳ ба фаъолиятҳои илмиву эҷодӣ ва ихтироъкориву инноватсионӣ дар як сол ду маротиба бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун гузаронида мешавад.

Чун анъана имсол ҳам рӯзи 15-уми ноябр озмуни навбатӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли Ҷавонон озмун гузаронида шуд, ки ғолибони он бо мукофотҳои пулӣ ва молӣ сарфароз гардонида шуда буданд.

Самти афзалиятноки инкишофи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ ҳамоҳангсозии таҳсилот ва ҷустуҷӯйи шаклҳои нави ҳамкорӣ, ки ба болоравии сифати таълим мусоидат менамояд, ба ҳисоб меравад.

Ба имзо расонидани созишномаи ҳамкории байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо зиёда аз 20 донишгоҳ ва ташкилоти байналмилалии дунё низ яке аз нишондиҳандаҳои назаррас дар давраи ҳисоботӣ мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ, ҷиҳати амалишавии муқаррароти созишномаҳои баимзорасида, якчанд конференсияҳои фосилавӣ тариқи видеоконференсия баргузор гардиданд.

Аз ҷумла ҳамин гуна видеоконференсия бо Донишгоҳи давлатии техникии Новосибирск ва Донишгоҳи давлатии техникии автомобил ва роҳи Москва дар доираи конференсияи байналмилалӣ баргузор гардиданд. Моҳи майи соли 2017, дар асоси нақшаи чорабиниҳои амалисозии созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва Академияи алоқаи Белорусия ҷиҳати ботантана ҷашн гирифтани Иди ғалаба бо иштироки раёсати ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ видеоконференсия (телемост) баргузор гардид.

Натиҷаҳои фаъолияти иқтисодӣ-молиявӣ, иҷтимоӣ ва хоҷагидории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар соли 2017, дастовард ва масъалаҳои ҳалталаб дар соли 2018, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти босуботи донишгоҳ маҳсуб меёбад, дар маърӯза оварда шуд.

Фаъолияти иқтисодӣ-молиявӣ ва иҷтимоию хоҷагидории донишгоҳ дар соли сипаришуда бо мақсади таъмини бонизоми раванди таълим, боз ҳам такмил додани пояи моддӣ-техникӣ, озмоишӣ ва кадрӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди корию фароғатӣ ва варзишию фарҳангӣ барои кормандону устодон ва донишҷӯён нигаронида шуда буд.

Маврид ба тазаккур аст, ки афзоиши маоши устодони донишгоҳ дар 5 соли охир (дар мисоли барои устоди дорои унвони доктори илм, профессор) чунин аст: соли 2017 нисбат ба соли 2012 – 1,45 маротиба; нисбат ба соли 2013 – 1,11 маротиба; нисбат ба соли 2014 – 1,11 маротиба; нисбат ба соли 2015 – 1,09; соли 2016 – 1,14 маротиба афзудааст. Ҳоло маоши миёнаи устодон, ки дар як воҳиди корӣ фаъолият доранд, зиёда аз 1950 сомониро ташкил медиҳад.

Аз якуми январи соли ҷорӣ бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ барои тақвият додани фаъолияти илмӣ ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ музди меҳнати омӯзгорони унвондор ба ҳисоби миёна тақрибан 14% зиёд карда шуд. Дар баробари ин тибқи “Низомномаи тартиби ҳавасмандгардонии моддии ҳайати профессорону устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ” ба 104 нафар устодони донишгоҳ, ки аризаҳояшонро сари вақт пешниҳод карда буданд,  барои фаъолияти таълимӣ – методӣ, илмӣ ва ташкилию тарбиявӣ мукофотонида шуданд, ки ҳаҷми умумии он зиёда аз 280 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Идораи маъмурӣ ва хоҷагидории донишгоҳ барои таъмини шароити корӣ ва таҳсил масъул аст. Вобаста ба он ки таъминоти муътадили гармӣ дар синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳо, инчунин ҳуҷраҳои корӣ, таъмини рӯшноии зарурӣ ва умуман фароҳам овардани шароити мусоид дар фасли сармо ба низоми раванди таълим таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Мусаллам аст, ки сол ба сол масъалаи истифодаи самаранок, нигоҳдории бинову иншоот ва масоҳатҳои мавҷудаи донишгоҳ, ки зиёда аз 25 га-ро ташкил медиҳад, хароҷоти зиёдеро талаб менамояд ва ин дар навбати худ вазъи иқтисодӣ-молиявиро ба таври назаррас коҳиш медиҳад.

Ҳоло дар тавозуни донишгоҳ 10 адад биноҳои таълимӣ, 8 адад хобгоҳҳо ва якчанд бинову иншооти ёрирасон мавҷуданд, ки бояд ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 омода бошанд ва ҳамагон медонем, ки ҳалли пураи масъалаи мазкур хароҷоти маблағҳои зиёдро талаб менамояд.

Аз 10 бинои таълимӣ 6 ададаш, хобгоҳи донишҷӯёни хориҷӣ, биноҳои №1, №2, №3, №4, Литсеи техникӣ, бинои факултети “Сохтмон ва меъморӣ” бо гармии марказонидашуда пайваст мебошанд. Бинои ФМТ ДМТБ-ДТТ ва АДАБ –ДТТ ва бинои хобгоҳи №2-и донишҷӯён бо гармии локалии автономӣ пайвастанд, ки онҳо ҳам бо маводи сӯхт таъмин мебошанд.

Дар фарҷоми маърӯза зикр гардид, ки дар баробари таъмини дастовардҳои назаррас дар соли ҳисоботӣ масъалаҳои мубрами ҳалталабу дар сатҳу сифати зарурӣ иҷронашуда ва инчунин вазифаву масъалаҳои навин барои рушди босамари фаъолияти донишгоҳ муҳиму зарур, бахусус дастуру супоришҳои дар Паёми имсолаи Пешвои миллат овардашуда хеле зиёданд.

Имрӯз потенсиали кадрии Донишгоҳ имконият медиҳад, ки ба дастовардҳои назарраси таълимиву илмӣ ноил шуда, ҳамзамон баҳри ислоҳ намудани он камбудиҳои ҷойдошта дар якҷоягӣ чораҳои зарурии тахирнопазирро дар ин самт андешида шавад.

Пас аз маърӯзаи муфассал ва пешниҳоди факту рақамҳо аъзоёни Шӯрои олимони донишгоҳ ва устодони донишгоҳ, ан он ҷумла, профессор – Бадалов А.Б., Набиев С.О., Қасобов Л.С. ва дигарон ба музокира баромада, дар бораи камбудиҳою бартариҳои фаъолияти донишгоҳ дар соли сипаришуда андешаҳояшонро баён доштанд ва таклифу пешниҳодоти ҷолиб карданд.

Дар охир пас аз таклифу пешниҳодот ва муҳокимаи мушкилоти мавҷуда ҷаласа қарорҳои дахлдор баровард.

Боиси қайд аст, ки ҳамасола аз ҷониби раёсати донишгоҳ маҷлиси ҷамъбастии солона доир гардида, ҳисоботи роҳбарияти донишгоҳ шунида мешавад.

Leave a Comment