Субҳи имрӯз ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ намояндагони Донишгоҳи давлатии Урали ҷанубии шаҳри Челябински Федератсияи Россия — Болотина Ю.О. — ҷонишини муовини ректор оид ба таълим, Ярошенко О. — мудири бахши пешбурди раванди таълим, Рухтин М.В. — таҳлилгари масоили байналмилаӣ қадам ранҷа намуданд. Меҳмононро Ректори донишгоҳ — Одиназода Ҳ.О. ба донишгоҳ хайра мақдам намуда, хуб пазироӣ кард. Вохӯрӣ дар доираи ҳамкориҳои тарафайн барои баррасии масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар самти таълим, илм ва фаъолияти фарҳангии донишгоҳҳо сурат гирифт. Инчунин ҷиҳати боз ҳам бештар тақвият додани ҳамкориҳо суҳбати озод баргузор шуд.

Ёдрас мешавем, ки ҳамкориҳо бо донишгоҳи номбурда хеле хуб ба роҳ монда шуда, айни ҳол 10 нафар аспирантону докторантони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар ин донишгоҳи бонуфузи Россия таҳсил ва бо иҷрои рисолаҳои илмии худ машғуланд. Дар ин самт Донишгоҳи давлатии Урали ҷанубии шаҳри Челябински Федератсияи Россия донишгоҳи моро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои мустаҳкамкунии пояи кадрҳои педагогӣ ва соҳибунвони донишгоҳ кӯмаки беғараз мерасонад.

Дар кори вохӯрии судманд аз ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ Ректор — Одиназода Ҳ.О., муовини ректор оид И ва РБ — Абдуллоев М.А., мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ — Сайдалиев Ш. ва сардори МИ ва Н — Юнусов Ф.М. ширкат намуданд.

Leave a Comment