Дар бинои асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ рӯзи 4-уми январи соли 2018 Спартакиадаи 59-уми омӯзгорон ва кормандон бо мусобиқаи шоҳмотбозон оғоз гардид. Мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида рӯзҳои 4-6 январ мусобиқаи шоҳмот байни омӯзгорон ва кормандони ДТТ баргузор гардид. Пеш аз оғози мусобиқа сардовари – Устоди варзидаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдиев Маъдӣ Саъдиевич гуруҳи дастаҳоро бо низомномаи мусобиқа ва қоидаҳои шоҳмот шинос намуд.

Сипас сардовари мусобиқа ва сардори дастаҳо ба воситаи қуръапартоӣ рақами дастаҳоро муайян намуданд.

Дар Спартакиадаи 59-ум аз рӯйи намуди шоҳмот (шатранҷ) 7 даста аз 6 факултет ва Раёсати ДТТ иштирок доштанд.

Бояд қайд намуд, ки дар мусобиқаи мазкур як нафар доктори илмҳои техникӣ, дотсент, муовини аввали Ректори дони шгоҳ Саидзода Р.Ҳ. (аз дастаи Раёсат), 4 нафар номзадони илм, аз он ҷумла, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент, мудири кафедраи “Математикаи олӣ” — Садриддинов Маҳмадӣ (аз дастаи факултети “ТИ ва К”), номзади илмҳои техникӣ, мудири кафедраи “Геодезияи муҳандисӣ” – Муниев Ҷ.Д. (аз дастаи факултети “С ва М”), номзади илмҳои техникӣ – мудири кафедраи “Сохтмони роҳҳо, иншоот ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ – Сайраҳмонов Р.Ҳ. ва номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи “СРИ ва КН” – Нуманов О.Р. (аз дастаи факултети “М ва КН”) ширкат варзиданд.

Мувофиқи Низомнома мусобиқаи шоҳмот байни омӯзгорон ва кормандон аз 6 давр иборат буд, ки то даври ниҳоӣ дастаҳои ғолибон муайян набуданд ва танҳо пас аз анҷоми даври 6-ум ғолибон муайян гардиданд.

Дар охир машваратчии ректори донишгоҳ, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Анвар Абдурасулов ба ғолибон (ҷойи 3-юм — сардори дастаи факултети «Сохтмон ва меъморӣ», мудири кафедраи «Геодезияи муҳандисӣ», н.и.т. Муниев Ҷ.Д.; ҷойи 2-юм сардори дастаи «Раёсати донишгоҳ» — Сардори шуъбаи АСУ Шарипов Н.;ҷойи 1-ум сардори дастаи факултети “ТИ ва К” – н.и.ф.м., дотсент, мудири кафедраи “Математикаи олӣ” — Садриддинов М.) ифтихорнома ва мукофоти пулӣ супорида, онҳоро табрик гуфт.

Бояд тазаккур дод, ки Раёсати ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ бо роҳбарии Ректори донишгоҳ, аъзо-корр. АИ ҶТ, д.и.т., профессор Одиназода Ҳ.О. баҳри солимгардонии донишҷӯён, устодону кормандон ва беҳтар гардидани муҳити варзишӣ дар донишгоҳ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда, барои татбиқи ин ниятҳои наҷиб чорабиниҳои зиёд баргузор менамояд, ки яке аз онҳо ҳамасола дар сатҳи баланд гузаронидани Спартакиадаи мазкур мебошад.

Н.и.т., дотсенти каф. “СРИ ва КН” Нуманов О.Р.

Муаллими калони каф. “И ва ЛН” Камолидинов Б.Т.

Shohmot-DTT-2018-(2)

Leave a Comment