Рӯзи 12-уми январи соли 2018 ҷаласаи навбатии Шӯрои методии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ таҳти раисии муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, дотсент Саидзода Р.Ҳ. дар толори Шӯрои олимон баргузор гардид.

Тибқи рӯзнома якчанд масъалаҳо баррасӣ гардиданд.

Мувофиқи масъалаи якуми рӯзнома роҳбари маркази рушди касбият – Ашӯров И.М. доир ба фаъолият ва дурнамои маркази рушди касбият ва гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ маълумоти муфассал дод. Инчунин дар бораи фаъолияти Шӯрои методии факултетҳо котиби Шӯрои методӣ – Назиров Я.Г. ахборот пешниҳод карда, иброз дошт, ки дар ду соли охир нақшаҳои кории Шӯрои методии факултетҳо ва иҷрои онҳо қаноатбахш арзёбӣ шуда, миқдори маводи таълимию методии аз тарафи факултетҳо ба Шӯрои методии донишгоҳ пешниҳодшаванда ба талабот мувофиқат мекунад.

Дар пайвастагӣ бо масъалаи дигари рӯзнома доир ба сифати иҷрои кор ва лоиҳаҳои курсӣ дар нимсолаи 2-юми соли таҳсили 2016-2017 маълумот дода шуд. Мувофиқи маълумоти раиси комиссияи иҷрои кор ва лоиҳаҳои курсӣ дар нимсолаи 2-юм Мирзоалиев И.М. қайд ардид, ки дар кафедраҳо то ҳол камбудиҳои назаррас дида мешаванд. Мувофиқи қарори Шӯрои методӣ ба идораи таълимию методӣ ва шуъбаи таълим супориш дода шуд, ки дар муддатҳои кӯтоҳтарин нисбат ба бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешанд.

Нисбат ба муҳокима ва ба нашр тавсия намудани маводи таълимию методӣ раиси комиссияи табъу нашр – Ҳамроев Ф.М. қайд намуд, ки ба комиссия 72 адад корҳо пешниҳод шуданд.

Пешниҳод гардид, ки аз ин миқдор 45 адад мавод ба чоп тавсия дода шуда, 25-тоаш баъди ислоҳот ба чоп тавсия дода шавад ва 2 адади он бинобар сабаби камбудии зиёд доштанаш ба муаллиф баргардонида шуд.

Дар масъалаҳои гуногун мувофиқи қарори Шӯрои методӣ доир ба гузаронидани кори хатми бакалаври донишҷӯён аз барномаи антиплагиат муҳлат то 25-уми майи соли ҷорӣ муқаррар гардид.

Leave a Comment