НИШАСТИ МАТБУОТӢ:

Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ба ҳамагон хотиррасон менамояд, ки санаи 24-уми январи соли 2018 соати 10:00 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 таҳти №АП-1729 ва ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳуриии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир ба ҷамъбасти нимсолаи дуюми соли 2017 бо иштироки васеи намояндагони Васоити ахбори омма гузаронида мешавад.

Аз ин лиҳоз, аз Хадамоти дахлдор, декани факултетҳо ва мутасаддиён эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бо мақсади ба иттилои омма расонидани чорабинии мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

Бо эҳтиром Маркази иттилоот ва нашр.