ЭЪЛОНИ ТРИМЕСТР:

Ба диққати донишҷӯёни шуъбаи рӯзона расонида мешавад, ки санаи 15.01.2018с. дар китобхонаи электронии бинои асосии донишгоҳ аппелятсия гузаронида мешавад. Иштироки донишҷӯ ва омӯзгори дарсбаранда ҳатмӣ буда, дар ҳолати баръакс, ариза баррасӣ намешавад.
Дар таърихи 16.01.2018с. ва 17.01.2018с. имтиҳонҳои ҒХ-и зимистона баргузор мегардад. Яъне донишҷӯёне, ки аз 45 то 49.49 хол гирифтаанд, як бор бе маблағ имтиҳон месупоранд. Аз 15.01.2018с. то 27.01.2018с. триместри зимистона баргузор мегардад. Баъд аз он донишҷӯёни қарзи академӣ дошта, аз Донишгоҳ хориҷ карда мешаванд.
Донишҷӯёне, ки аризаи аппелятсионӣ пешниҳод кардаанд, мувофиқи ҷадвали 1қабул карда мешаванд.

Раёсати ДТТ

Leave a Comment