Баҳри роҳандозӣ намудани ҳидоятҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии дастури ректори донишгоҳ (маҷлиси якҷояи ҳисоботии солона оиди сифати таълим — истифодаи тахтаҳои электронӣ дар ҷараёни дарс), Маркази такмили ихтисос ва татбиқи лоиҳаҳо (МТИ ва ТЛ) тибқи нақшаи чорабиниҳо, аз санаи 15.01 соли 2018 ҳамарӯза аз соати 9-00 дар синфхонаи 1/414 курси омӯзиширо аз рӯи барномаи “Истифодаи тахтаҳои электронӣ барои омодасозии дарсҳо дар ҷараёни таълим” барои 40 нафар шунаванда аз ҳисоби устодони кафедраҳои Донишгоҳ бо фармоиши ректор оғоз намуд.

Ба ҳайси устоди дарбаранда муаллими калони кафедраи “Нақшакашӣ” Қурбонов Баҳриддин, ки дорои сертификати курси мазкур мебошад, сафарбар гардида, шунавандагон бо як шавқу ҳиссиёти хос иштироки фаъолона доранд.
Дар истифодаи технологияҳои муосир умедворем курси мазкур натиҷаҳои неку назаррасро ба даст меоварад ва ният дорем барои устодони дигар кафедраҳо низ роҳандозӣ намоем, то сифати таълиму тадрис дар Донишгоҳ боз ҳам баланд гардад.

МАРКАЗИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲО

Leave a Comment