Дар доираи ҳамкориҳои тарафайни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо Донишгоҳи Урали ҷанубии шаҳри Челябински Федератсияи Россия бо дастгирии фонди рушди иҷтимоӣ-иқтисодии “Евроазийское содружество” дар маҷлисгоҳи хурди донишгоҳ телемост баргузор гардид.

Телемост ҷиҳати баргузории презентатсияи озмуни лоиҳаҳои байни ҷавонон таҳти унвони “Россия ва Тоҷикистон дар роҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳо” бахшида ба 25-солагии созишномаҳо дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва дастгирии байниҳамдигарии Тоҷикистону Россия ташкил какрда шуд.
Ҳайати меҳмонон дар телемости мазкур аз рӯзномаи “Вечёрка” – Амиршорева Г., роҳбари намояндагии “Россотрудничество” дар Душанбе – Вождаев М.В., директори намояндагии фонди русии “Институти тадқиқоти авруосиёӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Назарова Г.М. ва намояндагони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ширкат намуданд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment