Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 таҳти №АП-1729 ва ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи дуюми соли 2017 бо иштироки васеи ВАО доир гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма – хабарнигорон аз телевизиони «Баҳористон» — Хуросониева Ҷ., газетаи «Народная газета» — Назаров С., газетаи «Садои мардум» — Бурҳониддин Каримзода, радиои «Садои Душанбе» — Ашӯров О., радиои «Тоҷикистон» — Ғоибов С. ва Тағойқулов Х., радиои «Овози тоҷик» — Нозилшоев Ф., АМИТ «Ховар» — Саидов И. ва Бозоров Ш., газетаи «Азия-Плюс» — Қараев С., рӯзномаи «Ҷумҳурият» — Ризоева Л., радиои «Ховар» — Саидова С. ва Қамариддин М., рӯзномаи «Тоҷикистон» — Саодат Розиқзода, телевизиони «Душанбе» — Қурбонов А., рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» — Имомова М., раёсати донишгоҳ,  декани факултетҳо, сардори Маркази иттилоот ва нашри донишгоҳ, Сардорони идораҳо ва мудирони шуъбаҳои дахлдор иштирок намуданд.

Дар аввал Ректори донишгоҳ Одиназода Ҳ.О. дар бораи фаъолияти ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар нимсолаи дуюми соли 2017 маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Сипас хабарнигорон бо саволҳои гуногун муроҷиат намуданд, ки муҳтавои асосии саволҳо доир ба ҳайати профессорону устодон, таносуби устодони унвондор, иҷрои корҳои илмӣ аз ҷониби устодони донишгоҳ, батабърасии натиҷаи тадқиқоти онҳо, шароити ҳимояи рисолаҳои илмии устодон, дастгирии донишҷӯёни эҳтиёҷманд ва ҳавасмандгардонии устодону кормандон, вазъи таҳсили аспирантон ва унвонҷӯён – олимони ҷавон, рафти қабули имсолаи довталабон ба донишгоҳ, хатми донишҷӯён, системаи кунунии таҳсил, сатҳи таъмини адабиёти зарурӣ ва ҳолати китобдории донишгоҳ, баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсию фарҳангии донишҷӯён, сатҳи иҷтимоии устодону кормандон – музди меҳнати устодону кормандон буд. Ба саволҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ректори донишгоҳ Одиназода Ҳ.О., муовини ректор оид ба таълим, муовини аввал Саидзода Р.Ҳ., муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ – Абдуллоев М.А. ва муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ – Ашӯров А.Н. ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд.

Боиси зикр аст, ки фаъолияти донишгоҳ дар намуди слайди намоишӣ (презентатсия) ва видеоролик дар тахтаҳои электронии толори маҷлисӣ ба намоиш гузошта шуд ва дар давоми нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО аз он низ маълумот гирифта тавонистанд.

Дар охир ректори донишгоҳ Одиназода Ҳ.О. ба намояндагони ВАО миннатдории худ ва аҳли коллективи донишгоҳро баҳри ҳамкориҳои судманди доимиашон баён дошт.

Leave a Comment