Дар асоси нақшаи чорабиниҳои “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”, иқдоми Иттифоқи ҷавонон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар донишгоҳ “сайри ҷавонон” баргузор карда шуд.

Дар ин чорабинӣ аз мактабҳои олӣ, литсейҳо ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, ба монанди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №101-и шаҳри Душанбе ва ғайраҳо ҷавонон ширкат намуданд. Онҳо дар ин чорабинӣ бо ташриф ба донишгоҳ бо таърих, озмоишгоҳҳо, осорхона шинос шуда, бо вохӯрӣ бо мудирони кафедраҳои тахассусӣ маълумоти бештар доир ба рафти фаъолияти донишгоҳ, раванди таълим, сатҳи омодасозии кадрҳо ошноӣ пайдо намуданд. Меҳмонон аз ин вохӯриҳо баҳраманд шуда, изҳор намуданд, ки ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ яке аз донишгоҳҳои бонуфузи ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳама соҳаҳо мутахассисони соҳибтаҷрибаи техникию муҳандисиро омода мекунад.

Дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур саҳми Раёсати донишгоҳ ва шуъбаи кор бо ҷавонон назаррас аст.

Ҷавонон дар охир иброз доштанд, ки умедвори чунин вохӯриҳо мебошанд ва орзу доранд, то ҷавонон доимо сарҷамъ бошанд ва зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо баҳои аъло таҳсил намуда, ба хизмати халқу миллат омода бошанд. Инчунин қайд карданд, ки онҳо аз пайравони содиқи Пешвои миллатанд ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ мекунанд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Кормандони хадамоти тарбияи

донишгоҳ – Муминов Ф. ва Саидов Б.