Дар толори маҷлисгоҳи Шӯрои олимони донишгоҳ ҷаласаи навбатии Шӯрои кураторони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор гардид. Ҷаласаи шӯро аз якчанд масъалаҳои рӯзнома – доир ба фаъолияти Шӯрои кураторони донишгоҳ, тасдиқи ҳайати Шӯрои кураторон дар соли хониши 2017-2018, тасдиқи нақшаи кори Шӯрои кураторон, таъсиси комиссияҳои доимӣ ва ҳайати он ва масъалаҳои ҷорӣ иборат буд.

Ҷаласа зери раёсати муовини ректор оид ба корҳои тарбия – Ашӯров А.Н. доир гардид. Дар оғоз мудири шуъбаи ташкилию тарбиявии донишгоҳ баромад намуда, доир ба фаъолияти Шӯрои кураторон ахборот дод. Пас аз он доир ба дигар масъалаҳои рӯзнома муҳокимаронӣ сурат гирифта, нисбат ба ҳар як масъала қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар охир ба ҳар як аъзои Шӯрои кураторон, муовинони декани факултетҳо оид ба тарбия ва умуман хадамоти тарбияи донишгоҳ вазифаҳои мушаххас супорида шуда, муҳлати иҷрои он бо қарори Шӯрои кураторон муайян карда шуд.

Маркази иттилоот ва нашр.