Бо ташаббуси деканати факултети “Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ” дар бинои факултет семинари омӯзишии имлои забони тоҷикӣ сурат гирнифт. Дар асоси тағйирёбии имлои забони тоҷикӣ ва ҷорӣ шудани баъзе аз қоидаҳои нав дар забони тоҷикӣ мудири кафедраи забонҳои донишгоҳ – Ҳикматов Ҷ.Ҳ. ба устодон ва кормандони факултет маълумоти зарурӣ дод. Дар ин семинар тарзи истифодаи калимаҳо, ибораҳо ва аломату ҳарфҳои алоҳида мавриди фаҳмондадиҳӣ қарор гирифт.

Боиси қайд аст, ки бо тағйирёбии имлои забони тоҷикӣ ва ба талаботи замон мутобиқ гардонида шудани он ҳангоми омодасозии мақолаҳои илмӣ, дастурҳои методӣ ва китобу васоити таълим бо забони тоҷикӣ ҳар гуна нофаҳмиҳо, хатогиҳои имлоӣ ва монанди инҳо пайдо шудаанд ва ин боиси ташвиш мегардад. Аз ин рӯ, ташкил ва баргузории ин гуна семинарҳо боиси дастгирист.

Кафедраи забонҳо тасмим гирифтааст, ки дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ чунин семинарҳоро ба роҳ монда, барои омодашавии босифати маводи таълимию методӣ ва илмии донишгоҳ саҳмгузор бошад.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment