ЧОРАБИНИИ ТАРБИЯВӢ

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вохӯрии судманди устодону донишҷӯён бо намояндагони як қатор кумитаю вазорат ва ташкилоти ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии тарбиявӣ, ки дар фазои озод ва самимӣ баргузор шуд, муовини аввали сардори РКД ВКД шаҳри Душанбе, полковники милитсия Додобойзода Ҳ.П., сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии РКД ВКД ш. Душанбе, Read More

ЭТИКАИ ЛИБОСПӮШӢ Ё ХУД ИБОРАИ “ОДАМУ ЛИБОС ХОНАВУ ПАЛОС”

Чӣ тавре ки сухан бомаданият аст, либоспӯшӣ низ маданияти худро дорад. Мардуми тоҷик, ки аз азал фарҳанги бою ғанӣ доранд, одоби либоспӯшии ин миллати ботамаддун шаҳомату манзалати худро гум накардааст. Тоҷикон фарҳанги ба худ хосро доранд, ҳамеша анъанаҳои миллиро пос медоранд. Мо метавонем гуфт, ки фарҳанги либоспӯшӣ ифодаи муҳаббат ва эҳтироми миллат мебошад, ки табиатан… Read More

ТРЕНИНГИ НАВБАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ “БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ”

Бо ташаббуси Маркази такмили ихтисос ва татбиқи лоиҳаҳо аз санаи 26-уми феврал то 1-уми марти соли равон дар ҳамшарикӣ бо ташкилоти баналмилалии “Иттиҳоди шарикии нақлиёти бехавф ва устувор” ва ташкилоти ҷамъиятии “Насли ҷавони Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузорӣ мешавад, тренинг дар мавзуи “Бехатарии ҳаракат дар роҳ” бо иштироки Matt Chamberlain… Read More

ҲАФТАИ ДАРҲОИ КУШОД ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ

Дар давоми як ҳафта – аз 19-ум то 24-уми феврали соли 2018 дар донишгоҳ Дарҳои кушод эълон шуд. Ҳамасола чунин тадбир аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ роҳандозӣ мешавад ва мақсад аз ташкили чунин чорабинӣ дар он аст, ки донишгоҳ барои пиёда намудани сиёсати давлатӣ доир ба ҷалби ҷавонон ба касбҳои техникӣ Read More

МЕТЕОСТАНСИЯ ДАР АСОСИ ПЛАТФОРМАИ ARDUINO БАРОИ МОНИТОРИНГИ МИЛЛӢ

Мониторинги миллӣ лоиҳаи ҷавон мебошад, ки бо ҷамъоварӣ ва инъикос намудани нишондоди датчикҳои гуногуни муҳит, ба монанди датчики ҳарорати ҳаво, фишори ҳаво, намии ҳаво ва ҳоказо дар харитаи ҷаҳон сару кор дорад. Гузашта аз ин дар ин лоиҳа нишондоди датчикҳо вазъи воқеии боду ҳаворо дар замони ҳозира инъйикос менамояд, на ин ки аз рӯйи пешгӯйиҳо… Read More

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ҲАМЧУН ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ИҶТИМОӢ

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд. Read More

ҶАЛАСАИ БОШУКӮҲ БАХШИДА БА 25-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДТТ БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ

Башида ба 25-солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҷаласаи бошукӯҳ баргузор гардид. Read More

ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ РУШДИ КАСБИЯТ ДАР ДОНИШГОҲ НАЗАРРАС АСТ

Дар давоми як ҳафта, яъне аз 12 то 17-уми феврали соли 2018 аз тарафи кормандони Маркази рушди касбият бо хатмкунандагони тибқи квотаи Президентӣ ва буҷавӣ таҳсилкунандаи факултетҳои донишгоҳ оид ба “Тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” вохӯрӣ гузаронида шуд. Вохӯриҳои мазкур аз ҷониби мудирони кафедраҳои тахассусӣ ва муовини декани факултетҳои донишгоҳ оид ба тарбия дастгирӣ ва ташкил гардиданд. Махсусан ширкати фаъолонаи донишҷӯён ва мудирони кафедраҳои тахассусӣ аз ҷониби муовини декани факултетҳо оид ба тарбия – Маҳмадов Ш.Р., Сафаров Б., Бозоров Ш. ва дигарон беҳтар ташкил карда шуд. Read More

ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИҲОИ МУОСИР ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ

Ҳидоятҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ (аз маҷлиси якҷояи ҳисоботӣ оид ба истифодаи тахтаҳои электоронӣ дар ҷараёни дарс)-ро Маркази такмили ихтисос ва татбиқи лоиҳаҳо (МТИ ва ТЛ) сармашқи кори худ карда, нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, аз санаи 15-уми январ то 2-юми феврали соли равон ҳамарӯза аз соати 9-00 дар синфхонаи 1/414 курси омӯзиширо аз рӯйи барномаи “Истифодаи тахтаҳои электронӣ барои омодасозии дарсҳо дар ҷараёни таълим” барои 75 нафар шунаванда (дар ду марҳила 40 ва 25 нафарӣ) аз кафедраҳои гуногуни донишгоҳ бо фармоиши ректор оғоз ва ҷамъбаст намуд. Read More