Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатиашонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22.12.2017 бо шарҳи вазъи сиёсии ҷаҳони муосир оғоз бахшиданд ва он бунёди воқеӣ дорад. Мо дар замони хеле мураккабу пурихтилоф, замоне, ки давлатҳои дунё ҳар кадоме баҳри манфиатҳои хеш талош варзида, дар ин роҳ ба зиёдаравӣ ва таҳқири кишварҳои дигар роҳ медиҳанд, кор ва зиндагӣ дорем. Дар ҷаҳони кунунии мо, ҳамчунин, ҳодисаҳои хатарбори терроризм ва ифротгароӣ доман паҳн мекунанд ва ба ҳаёти осоиштаи аҳли сайёра таҳдид менамоянд. Вобаста ба ин ҳолат, аҳли хираду тамаддунгарои ҷаҳонро мебояд, ки ҳамдилу ҳаммаром бошанду бар зидди ин падидаҳои номатлуб овоз баланд кунанд. Мо, омӯзгорон, бояд дар сафи пеши мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм бошем. Ҳамчунин, шогирдонамонро ба ҳушёрию зиракӣ даъват намоем. Барои ин дар ҳамаи синфҳо мо, ҳамчун роҳбари синф, бояд вобаста ба ин ҳодисаҳои хатарзо дарсҳои тарбиявӣ баргузор намоем ва пеш аз ҳама, ба хонандагон ба таври саҳеҳу дақиқ, бо истифода аз далелу рақамҳо фаҳмонем, ки экстремизму ифротгароӣ чӣ гуна равияҳоянд, чӣ ҳадафу матлаб доранд, ба чӣ муваффақ шудан мехоҳанд, аз куҷо сар кашидаанд, роҳбарону ҳомиёнашон киҳоянд, чаро амалиёти онҳо бар ҳастии инсоният хатаровар аст ва амсоли инҳо. Ба хонандагон бояд дар бораи кирдорҳои манфуру пурзиён ва ҳалокатовари ифротгароён ва террористон дар чанде аз манотиқи олам (Афғонистон, Ироқ, Туркия, Англия, Россия, Фаронса…) ба таври муассир ва бо шарҳу тафсил нақл кард. Тавассути дастгоҳи видеоӣ намоиш додани лаҳзаҳо аз амалиёти фоҷеабори террористон дар баъзе аз “нуқтаҳои доғ”-и сайёра дарси тарбиявиро пурсамартар месозад. Дар синфҳо тахия намудани гӯшаҳои “Ифротгароёнро маҳкум мекунем”, “Нест бод терроризм!”, “Фарҷоми амалиёти террористӣ”… низ мувофиқи мақсад аст.

Дар дарси тарбиявӣ байни хонандагон ташкил кардани мусоҳиба бо унвони “Саҳми мо дар пешгириву маҳкумсозии ифротгароӣ” моҳияти дарсро бештар хоҳад афзуд.

 Гуландом БОЙМАМАДОВА,

омӯзгори физика.

Сарчашма – рӯзномаи “Омӯзгор”,

№3, 18.01.2018

Leave a Comment