Боиси таваҷҷуҳ ва ифтихормандист, ки дар Шӯроҳои диссертатсионии назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ унвонҷӯён ва аспирантон бе мамониат корҳои илмии худро пешниҳод ва ҳимоя карда метавонанд.

Имрӯз боз як ҳимояи навбатии рисолаи илмӣ аз ҷониби Аслзода Эмомиддин Муҳриддин дар мавзуи “Технико-технологические особенности бурения глубоких скважин в зонах развития соленосных толщ (на примере месторождений Афгано-Таджикской впадины)” дар Шӯрои диссертатсионии 6Д.КОА-009-и назди ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор гардид.

Раёсати донишгоҳ умедвори он аст, ки чунин ҳимояҳо ҳар чӣ бештар баргузор шуда, сафи устодони унвондори донишгоҳ боз ҳам бештар мегардад. Дар ин самт ба тамоми заҳматкашони майдони илм бурдбориҳо ва комёбиҳо таманно дорем.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment