Дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ боз як Шӯрои диссертатсионӣ ба фаъолият оғоз намуд. Ин сеюмин Шӯрои диссертатсионӣ аст, ки баҳри дастгирии олимони ҷавон – унвонҷӯёну аспирантон ва докторантон дар донишгоҳ барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ таъсис дода шудааст.

Шӯрои диссертатсионии мазкур – 6D.КОА – 032 барои ҳимояи диссертатсияҳо доир ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос таъсис ёфта, дарбаргирандаи ихтисосҳои 6D070400 – Техникаи ҳисоббарор ва таъминоти барномавӣ; 6D071700 – Энергетикаи гармо; 6D071800 – Электроэнергетика; 6D090100 – Ташкили интиқол, ҳаракат ва истифодабарии нақлиёт ва 6D090900 – Логистика (аз рӯйи соҳаҳо) мебошад.

Акнун барои унвонҷӯёну аспирантон ва докторантони донишгоҳ боз ҳам шароит мусоидтар ва дастгирии бештар пешниҳод гардидааст. Олимони ҷавон дар кӯшиши онанд, ки дар Шӯроҳои диссертатсионии ватанӣ рисолаҳои илмиашонро ба муҳокима ва ҳимоя гузоранд.

Маркази иттилоот ва нашр.