Имрӯзҳо меъморону муҳандисони шинохтаи тоҷик бо маҳорату малакаи эҷодӣ ва истеъдоди худододии хеш давомдиҳандаи касби меъморӣ, ки аз аҷдодони мо ба мо боқӣ мондааст, мебошанд. Нақши дастони устоҳои гузаштаву имрӯзаи тоҷик дар кишвари азизамон – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя дар сохти биноҳое, ки бо санъати миллии меъморӣ сохта шудаанд, тасвир ёфтаанд, ки ин боиси сарбаландии мардуми тоҷик гардидааст.

Хонаи умеди мо – Тоҷикистон ва пойтахташ шаҳри Душанберо бидуни биноҳову иншоот ва иморатҳою боғҳое, ки бо санъати миллии меъморӣ сохта шудаанд, ба нигоҳи ҳар фарди тоҷику тоҷикистонӣ як завқу илҳоми тозае мебахшад. Ба мисли бинои Китобхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Душанбе-плаза, Кохи Сомон ва даҳҳо биноҳову иморатҳои дигаре ки сохта шуда истодаанд, ба зебогии пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе як ҳусни дигаре зам мекунад.

Ҳанӯз ки ман хурдсол будам, бо модарам ба сайру гашт мебаромадем, диққати мани хурдсол ба шаклу рехти биноҳо, махсусан бинои имрӯзаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои Ҳукумат ва дигар биноҳои маъмуриву истиқоматӣ равона гардида, дар ҳаёти кӯдакии ман як нишоти тозае мебахшид. Якчанд нақшу тарҳи хурдакаке ба монанди он биноҳо аз гилу картон месохтам, ки он макет ном доштааст.

Имрӯз пас аз гузашти вақт эҳсос мекунам, ки бедор шудани шавқу ҳаваси ман дар ниҳоди мани хурдсол амри тасодуф набуда, минбаъд пешаи меъмориро касб карданам муҳаббати беандоза ба ин касб будааст.

Соли гузашта, яъне соли 2017, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли ҷавонон” эълон шуда буд, мехостам дар ягон маҳфил ва ё озмуне ширкат варзам. Сипас эълонеро дидам, ки Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон озмуни лоиҳаи беҳтарин дар мавзуи Лоиҳаи “Ободонӣ ва кабудизоркунӣ” баргузор менамояд ва ман аз пайи ҳамон озмун шудам.

Рӯзе аз ошёнаи 3-юми факултет мегузаштам, дар болои дари аудиторияи 314 “Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон КВД ПИТ СваМ, Маркази омӯзишии мутахассисони ҷавон” навишта шуда буд, зуд ман вориди он кабинет гаштам ва дидам, ки устод Мирҷамолов Абдуҷалил дар он ҷо машғули кор буданд. Ман бо иҷозати устод оид ба ин озмун бо он кас ҳамсуҳбат шудам. Сипас он кас телефони мобилии худро гирифтанду ба директори Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ занг зада гуфтанд:

-Муҳтарам Умаров Улуғбек ман як шогирди хуб дорам, ки ӯ дар ихтисоси меъморӣ таҳсил карда истодааст, маҳорати хуб дорад, аз Шумо мехостам ӯро ҳам ба озмун номнавис намоед.

Сипас роҳ сӯйи он корхонаи дар боло зикршуда гирифтаму вориди он корхона шудам ва боиси ифтихори ман буд, ки дар байни меъморону муҳандисони шинохтаи тоҷик танҳо як донишҷӯ ширкат варзида, тамоми кӯшишу ғайрати хешро ба харҷ дода, лоиҳаи “Ободонӣ ва кабудизоркунии кӯчаи Ҷ. Расулов бо буриши кӯчаи Р. Набиев”-ро таҳия намудам. Аз устод Шаҳобов Миршариф, ки ба ҳайси сармеъмори ин корхона кор ва фаъолият мекунанд, оид ба касби меъморӣ хеле чизҳои иловагиро омӯхтам.

Пас аз чанд муддат лоиҳаи маро барои тасдиқ намудан ба Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ пешниҳод намуданд. Баъд аз чанд рӯз ҷавоби лоиҳаҳо омад ва ман низ лоиҳаи худро кушода дидам, ки муҳр ва имзои Сармеъмори шаҳри Душанбе муҳтарам Усмонзода Қосим гузошта шудааст. Аз ҳамон лаҳза то дараҷае хурсанд шудам, ки лоиҳаи ман дар шаҳри Душанбе тасдиқ шуд ва худам шоҳиди он будам, ки лоиҳаи ман амалӣ гашт. Аввалин фаъолияти меҳнатиам дар ин озмун қадр шудааст.

Мо ҷавонони хушбахт аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр миннатдорем, ки шароитҳои таҳсил ва кору фаъолияти моро муҳайё намуда, дастгириҳои бепоёни худро ба мо ҷавонон ва насли ояндаи миллат дареғ намедоранд. Бигзор мо аз боварии он кас набаромада, дар корҳои ояндаи худ устувор бошем. Ва дар ободонии Тоҷикистони азизамон саҳми бепоёни худро дареғ надорем.

Давлатмурод Олимов

донишҷӯи курси 3-юми факултети

“Сохтмон ва меъморӣ”

Leave a Comment