Бо ташаббуси кафедраи “Менеҷменти истеҳсолӣ” санаи 12-уми феврали соли 2018 дар синфхонаи 1/309 вохӯрии омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисосҳои кафедра ва намояндагони ихтисосҳои дигари факултет бо собиқадорони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Худойқулов Х. – раиси Шӯрои собиқадорони Вазорати Мудофиаи ҶТ, полковники мустаъфӣ, Ғоибов А. – муовини раиси ШС ВМ ҶТ, полковники мустаъфӣ, ҷанговари башардӯст ва Мамедов А. – аъзои ШС ВМ ҶТ, полковники мустаъфӣ бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар аввал мудири кафедра н.и.и, и.в. дотсент Сафаров Қ.А. меҳмонони олиқадр ва иштирокчиёни чорабиниро хайра мақдам гуфта, қайд кард, ки чун ҳамасола дар давлатҳои зиёди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 23-юми феврал ҳамчун Иди Артиши Миллӣ қайд карда мешавад, аммо дар ҷумҳурии мо ин рӯз ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ низ ба қайд гирифта шудааст. Инчунин Сафаров Қ.А. доир ба арзишҳои миллию амниятӣ маълумот дода, пас суханро ба Худойқулов Ҳ.Х. дод.

Худойқулов Ҳ.Х. дар навбати худ иброз дошт, ки чунин чорабиниҳо дар тамоми мактабҳои олӣ ва миёна гузаронида шуда истодааст. Мақсади асосӣ пешниҳоди маълумоти шаффоф оид ба таърихи таъсисёбии Артиши миллӣ, сохтор, таркиб, қоидаҳои хизмат дар он ва ғайра мебошад. Дар тӯли 25 соли истиқлолият бо ғамхории беҳамтои Сарвар ва Ҳукумати давлат мо дорои ҳаёти озоду осоишта шудем. Одамон озодона кор мекунанд, донишҷӯён ва хонандагон таҳсил менамоянд, зеро Артиши миллӣ ва дигар сохтори амниятии давлат бехатарӣ ва зиндагии осоиштаи моро таъмин мекунанд. Тавассути шабакаҳои телевизионӣ, вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти Амнияти давлатӣ, Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилаи ҶТ мубориза бар зидди шомил шудани ҷавонон ба ИДИШ гузаронида шуда истодааст. Дар давраи истиқлолият давлати мо соҳиби чандин намуд техникаи ҳарбӣ шуд, бо мақсади таъмини бехатарӣ ва амнияти давлатӣ ҷумҳурӣ аъзои як қатор ташкилоти байналхалқӣ гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати давлат ҳамаи шароитҳои хуби зиндагиро муҳайё сохтанд ва вазифаи асосии ҷавонони имрӯза нигоҳ доштани сулҳ ва оромӣ, соҳиби касб ва мутахассиси баландихтисос, дар вақти зарурӣ муҳофизони хуби Ватан-модари худ шудан аст.

Ғоибов А. дар баромади худ қайд кард, ки дар асри гузашта бо дахолати давлатҳои абарқудрат дар олам бисёр рӯйдодҳое ба амал оварда шуданд, ки дар тақдири халқҳо таъсири манфию мусбӣ гузоштанд. Яке аз чунин ҳодисаҳо ба хоки давлати ба мо ҳамсоя – Афғонистон ворид шудани контингенти маҳдуди Қувваҳои мусаллаҳи шӯравӣ ва аланга задани ҷанги шаҳрвандии дохили кишвару оғози муқовимати мусаллаҳона ба муқобили ҷузъу томи шӯравӣ буд. Аз давраи аз Афғонистон баромадани қӯшуни шӯравӣ 28 сол гузашта бошад ҳам, то ба ҳол дар ин сарзамини азияткашида сулҳу осоиш барқарор нест. Имрӯз бо эътимоди комил гуфтан мумкин аст, ки ҷангҳо дар Афғонистон ибтидои амалҳои терроризми байналхалқӣ будааст ва имрӯз дар бисёр давлатҳои Шарқи наздик, Африқо ва Аврупо идома доранд.

Албатта, ягон ҷбе қурбонию мусибат намешавад ва ҳодисаҳои Афғонистон аз он истисно набуд. Дар давраи иҷрои қарзи башардӯстӣ дар хоки Афғонистон аз рӯйи баъзе маълумот 14453 нафар афсарону сарбозони шӯравӣ ҳалок шуданд. Тайи ин солҳо дар натиҷаи ҷароҳатбардорӣ, контузия ва дигар вазъиятҳои ҷангӣ 417 нафар афсарону сарбозон асир афтода, дар натиҷаи корҳои зиёди дипломатӣ ва инсондӯстӣ 119 нафари онҳо аз асирӣ озод ва 97 нафарашон ба Ватани зист баргардонида шуданд.

Аз ин хотир ҳамасола рӯзи 15-уми феврал башардӯстони тоҷик ба мисли ҳазорон ҳампешагони худ ба хотири ёди рӯзҳои дар Афғонистон гузашта, ба хотири гиромидошти шаҳидони зиндаёд дар назди нимпайкараи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ – А. Мироненко дар пойтахти кишвар, дар маҷлисгоҳҳову майдону хиёбонҳои шаҳру навоҳии мамлакат ҷамъ омада, бо хонандагон, бо ҷавонони донишҷӯву сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ сӯҳбату мулоқот доир мекунанд. Онҳо ва ҷавонони имрӯза мутмаинанд, ки он давраву рӯзҳои доғ дар ҳаётамон дигар ҳеҷ гоҳ такрор нахоҳад шуд.

Мамедов А. дар баромади худ ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, ба онҳо сиҳату саломатӣ ва осмони софу оромро таманно кард.

Баъд аз он бо Қарори ВМ ҶТ ва ШС ВМ ҶТ Сафаров Қ.А. ҳамчун ҷанговари башардӯст бо медали ҷашнӣ ва омӯзгорони кафедра – Раҷабова З.С., Ҷӯраева Ҷ.Ҳ. ва Каримова З.М. барои фаъолияти аъло дар тайёркунии мутахассисони баландихтисос ва ҳамкории бефосила дар тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ бо медали ҷашнӣ ва ифтихорномаҳо, бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Дар охир декани факултети “Технологияҳои инноватсионӣ” Идиев М.Т. ба иштирокчиён ва меҳмонони чорабинӣ миннатдорӣ баён намуда, ҳамаи онҳоро бо ҷашни Рӯзи Артиши миллии ҶТ табрик намуда, ба онҳо сиҳатию саломатӣ ва комёбиҳо таманно кард.

Маркази иттилоот ва нашр.

Кафедраи “Менеҷменти истеҳсолӣ”.

Leave a Comment