Раванди ҷалби устодон ба илм ва омодасозии рисолаҳои илмӣ дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар сатҳи зарурӣ қарор дорад. Боиси хурсандист, ки боз ду нафар олимони ҷавон рисолаҳои илмии худро барои ҳимоя ба Шӯрои диссертатсионии назди донишгоҳ пешниҳод намуданд.

Раҷабалиев С.С. – муаллими калони кафедраи “Масолеҳшиносӣ, мошинҳо ва таҷҳизоти металлургӣ” рисолаи илмиашро таҳти унвони “Хосиятҳои физикӣ-химиявии хӯлаи Al+2,18%Fe, бо қалъагӣ, сурб ва висмут ҷавҳаронидашуда” ва Иброҳимов С.Ҷ. – муаллими калони кафедраи “Бехатарии фаъолияти инсон ва экология” бошад, рисолаи илмиашро зери унвони “Сохтор ва хосиятҳои хӯлаи АМг4, ки бо металлҳои нодирзаминӣ (Sc, Y, La, Pr, Nd) ҷавҳаронида шудаанд” бо ихтисоси 05.16.09 – Масолеҳшиносӣ (дар мошинсозӣ) ҳимоя намуданд.

Ҳимоя дар Шӯрои диссертатсионии 6Д.КОА-009 назди ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор гардид.

Дар ин самт ба тамоми олимони ҷавон муваффақият ва пешрафту комёбиҳо орзумандем.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment