Дар давоми як ҳафта, яъне аз 12 то 17-уми феврали соли 2018 аз тарафи кормандони Маркази рушди касбият бо хатмкунандагони тибқи квотаи Президентӣ ва буҷавӣ таҳсилкунандаи факултетҳои донишгоҳ оид ба “Тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” вохӯрӣ гузаронида шуд.

Дар вохӯриҳои мазкур моҳияти касби оянда ва бо кор таъмин шудани хатмкунандагон, тариқи квотаи Президентӣ ва буҷавӣ таҳсил намудани донишҷӯён аз ҷониби роҳбари Маркази рушди касбият – Ашӯров И.М. ба пуррагӣ фаҳмонида дода шуда, паҳлуҳои ба ҷойи кор ҳозир шудани хатмкунандагони тақсимшуда баррасӣ гардид.

Марказ бо ташаббуси масъулиятпазир бар он аст, ки ҳар чӣ бештар хатмкунандагон доир ба касби ояндаи худ андеша карда тавонанд. Дар давоми чанд муддати охир бо корхонаю ташкилот барои ихтисосҳои кафедраҳои донишгоҳ шартномаҳои нав баста шуданд.

Инчунин марказ барои ҷалби боз ҳам бештари довталабони соли таҳсили 2018-2019 ба донишгоҳ ва ихтисосҳои техникӣ бо ҳамкорӣ бо Маркази иттилоот ва нашри донишгоҳ маводи таблиғотии зиёдеро чоп намуда, барои паҳн ва дар Рӯзи дарҳои дастраси хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии миёнаи пойтахт намудан ба Комиссияи қабули донишгоҳ супорид.

Паҳлуи дигари фаъолияти марказ дар санҷидани таҷрибаомӯзиҳои таълимии илмӣ-педагогӣ ва илмӣ-тадқиқотии магистрон, қабул намудани хатмкардагон оид ба масъалаҳои бо роҳхат ба ҷойи кор таъмин шудан ва дида баромадани дигар масъалаҳо нисбат ба онҳо ба ҳисоб меравад, ки кормандони Маркази рушди касбият дар доираи нақшаи корӣ саривақт ба иҷро мерасонад.

Вохӯриҳои мазкур аз ҷониби мудирони кафедраҳои тахассусӣ ва муовини декани факултетҳои донишгоҳ оид ба тарбия дастгирӣ ва ташкил гардиданд. Махсусан ширкати фаъолонаи донишҷӯён ва мудирони кафедраҳои тахассусӣ аз ҷониби муовини декани факултетҳо оид ба тарбия – Маҳмадов Ш.Р., Сафаров Б., Бозоров Ш. ва дигарон беҳтар ташкил карда шуд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment