Башида ба 25-солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҷаласаи бошукӯҳ баргузор гардид. Дар ибтидо ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О. ҳозиринро бо таҷлили ин санаи фаррух самимона шодбош гуфт. Пас аз баромади ректор дар фазои ботантана аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О. ва муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбия – Ашӯров А.Н. бахшида ба ин санаи муборак медал супорида шуд. Инчунин ба як қатор афсарони фаъоли кафедраи ҳарбии донишгоҳ ва донишҷӯёни пешқадам бо фармоиши ректори донишгоҳ ифтихорномаҳо супорида шуданд.

Дар охир аз ҷониби дастаи ҳаваскорони донишгоҳ барномаи фарҳангии саршор аз ифтихори ватандорию миллатдӯстӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Боиси таваҷҷуҳ аст, ки ҷаласаи тантанавии баргузоршуда аз ҷониби Хадамоти ташкилию тарбиявӣ, аз он ҷумла кормандон – Шарипов Ш.Қ., Саидов Б., Акрамов С.С., Муминов Ф. ва дигарон таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои тарбия – Ашӯров А.Н. дар сатҳи хуб ташкил карда шуд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment