Мониторинги миллӣ лоиҳаи ҷавон мебошад, ки бо ҷамъоварӣ ва инъикос намудани нишондоди датчикҳои гуногуни муҳит, ба монанди датчики ҳарорати ҳаво, фишори ҳаво, намии ҳаво ва ҳоказо дар харитаи ҷаҳон сару кор дорад. Гузашта аз ин дар ин лоиҳа нишондоди датчикҳо вазъи воқеии боду ҳаворо дар замони ҳозира инъйикос менамояд, на ин ки аз рӯйи пешгӯйиҳо (прогноз). Датчикҳоро метавонем чӣ дар кӯчаҳо барои дастрасии умум ва чӣ дар дохили хона ва саройҳо барои дастрасии хусусӣ насб намоем.

Барои таҷассум намудани маълумот метеостансияи хурде дар асоси платфомаи Arduino сохтем, ки се навъи маълумотро ҷамъоварӣ ва таҳрир карда метавонад:

-ҳарорати ҳаво (бо оС);

-фишори атмосферӣ (бо Па);

-намии нисбии ҳаво (бо %).

Ин дастгоҳ аз қисматҳои асосии зерин иборат мебошад:

-платформаи Arduino UNO R3;

-платаи иловагии Ethernet Shield;

-датчики ҳарорат ва намии ҳаво DHT11;

-датчики фишори атмосферӣ BMP085.

Ин дастгоҳи сохтаи мо се раванди истеҳсолиро паси сар кард:

  1. Раванди тарҳрезӣ.
  2. Ташкили як гиреҳи функсионалӣ дар замимаи Arduino UNO R3 ва дачтикҳои номбурда.
  3. Сохти бадана (корпус) ва гирд овардани ҳамаи қисматҳои дастгоҳ дар доираи он.

Мо ин дастгоҳро таҳти роҳбарии устодонам Мадумаров У.О. ва Петров А.Д. сохтем. Дар ҳамин соли хониш дар озмуни бахшида ба 24-умин солгарди Иҷлосияи Шӯрои Олии ҶТ, ки дар дохили донишгоҳ шуда гузашт, ман бо ин лоиҳаи худ иштирок варзидам ва дар равияи энергетика ва технологияҳои коммуникатсионӣ ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардидам.

Инчунин бояд қайд намоям, ки дастгоҳи сохтаи мо агарчӣ барои мониторинги миллӣ пешбинӣ шуда бошад ҳам, имкониятҳои истифодабарии он маҳдуд нестанд. Масалан, дар дарсҳои “Бехатарии фаъолияти инсон ва экология” барои чен кардани параметрҳои микроиқлим аз чунин дастгоҳ истифода бурдан хеле қулай аст. Яъне донишҷӯён дастгоҳро гирифта, дар берун, дар якчанд нуқтаҳои таъйиншуда (дар ҳудуди донишгоҳ) параметрҳои номбурдаро чен менамоянд ва устод аз аудитория берун нарафта, метавонад тавассути компютер ва ё телефони ҳамроҳи худ, ки бо Wi-Fi муҷаҳҳаз бошад, раванди гузариши кори лабораториро назорат карда, қиматҳои гирифтаи ҳар як донишҷӯро дар дастгоҳи худ сабт намояд. Дар ин ҳолат қиматҳои ченкардашудаи донишҷӯ ва ё гурӯҳи донишҷӯён мухталиф хоҳанд буд, ки бо ин усул омӯзгор метавонад шаффофияти корро зери назорати худ бигирад.

Мо нақша дорем, ки дастгоҳи сохтаи худро такмил дода, имкониятҳои чен кардани дигар параметрҳои муҳими ҳаворо фароҳам оварем ва дастгоҳи ихтироъкардаамонро ба шароитҳои вазнини доманакӯҳҳо мутобиқ намоем.

Нуралиев С.С. — донишҷӯйи курси 4-уми

факултети «Энергетикӣ»

Leave a Comment