Устодон, афсарон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!!

Қабл аз ҳама иҷозат диҳед, Шумо устодон, афсарон, донишҷӯён ва дар шахсияти Шумо тамоми муҳофизони ватани азизамонро ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Артиши миллиамон аз номи Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии донишгоҳ самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи Шумо соҳибону ҳомиёни кишварамон тани солиму пурқувват, дониши амиқу ақлу заковат ва дар ҳифзи марзу бумамон матонату садоқат орзу намоям.

25 сол дар назди саҳифаҳои таърих начандон вақти тӯлонист, аммо дар ин муддат як ҷавон, як насл ба воя расида, дар ҷамъият мавқеъ пайдо мекунад, ки Артиши миллии мо низ дар ҳоли рушди тавоноист ва мавқеи ҷаҳонии худро пайдо намудааст.

Ба мо насли миёнсолу калонсол маълум аст, ки ин ҷашн аз замони Шӯравӣ мерос мондааст ва ҳамин рӯз ҳамчун рӯзи Армияи Советӣ ҷашн гирифта мешуд.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷумҳуриҳои навтаъсис, аз ҷумла давлатҳои мустақили Осиёи Миёна ҳам дар заминаи биноҳою иншооти аҳамияти ҳарбӣ ва техникаю яроқу аслиҳаи дар ҳудуди кишварашон будаи Артиши пурқудрати Шӯравӣ қувваҳои мусаллаҳи худро таъсис доданд.

Вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсии он солҳо, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ бархӯрдор гардад. Аз тарафи дигар, зарурати ҳимояи сохти конститутсионӣ, якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар чӣ тезтар бартараф намудани хатари пошхӯрии давлатдории тоҷикон ҳатман таъсис додани Артиши миллиро тақозо менамуд.

Бо назардошти чунин зарурат 25 сол муқаддам, дар шароити ниҳоят вазнини сиёсию иқтисодӣ ва ҳатто маънавӣ, бо қарори ҳукумати ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ ва бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Метавон гуфт, ки Артиши миллии мо зодаи истиқлолият буда, дар ҷойи холӣ, бе ягон таҳкурсии моддию техникӣ ва кадрӣ, бе истифодаи ягон мерос аз артиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, дар шароити буҳрони ниҳоят вазнини иқтисодию сиёсӣ бунёд гардид. Аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ афсарони мо баробари дар сангарҳо ҷангидан, ба танзими сохтори ташкилию кадрӣ, мустаҳкамкунии пояи моддӣ-техникӣ ва танзими таҳкурсии сиёсию маънавии артиш машғул шуданд. Норасоии кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассиони касбӣ, техника ва яроқу аслиҳаи замонавӣ дар ҳама ҷабҳаҳо ҳис карда мешуд. Сарфи назар аз мушкилиҳои ҷойдошта Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори 90-ум роҳи пурпечутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт ва ба яке аз Артишҳои касбии минтақа табдил ёфт.

Артиши миллӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ, сипари боэътимоди ҳимояи ҳар халқу миллат мебошад. Тӯли 25 соли мавҷудияти худ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист худро аз лиҳози моддию техникӣ муҷаҳҳаз гардонад, мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногуни ҳарбиро омода намояд, таҷрибаю малакаи қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои ҳамсояро омӯзад, дар чорабиниҳои омӯзишии ҳарбии минтақавию ҷаҳонӣ иштирок намояд ва ба яке аз пояҳои боэътимоди ҳимояи кишвар табдил ёбад.

Имрӯз бо фараҳмандӣ метавон гуфт, ки ҷузъу томи Артиши миллии ҷумҳуриамон барои ҳифзи марзу бум ва якпорчагии кишварамон ҳамеша омодааст. Тоҷикистони азизи мо имрӯз он кишвари солҳои 90-уми асри гузашта нест. Имрӯз мо, пиру ҷавон – ҳама зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами хеш ҷамъияте барпо намудаем, ки номи миллати сарҷамъи тоҷикро гирифта, давлати ваҳдатпояи Тоҷикистонро соҳиб аст ва он хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон аст. Муҳофизони шуҷои Ватан, нерӯи техникию ҳарбии кишвар ва малакаи ҷангии ҳарбиёни мо имрӯз тавони ҳифзи Модар – Ватани азизи худро доранд.

Ҳамзамон имрӯзҳо вазъи олами муосир хеле шадиду тезу тунд буда, дар минтақаҳои гуногуни олам бо сабаби бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва хурӯҷ ёфтани фаъолияти гуруҳҳои ифротию экстремистӣ муборизаҳои сиёсӣ ба фаъолияти бевоситаи ҳарбӣ табдил ёфта истодаанд. Сирояти ин вабои аср – терроризм ва экстремизм ба ҳамаи халқҳою кишварҳо таҳдид менамояд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин гуруҳҳои ифротӣ ва хӯҷаинони абарқудраташон аз истифодаи ҳама гуна усули имконият, аз ҷумла аз истифодаи эҳсосоти динию мазҳабӣ ҳазар намекунанд.

Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки зиракии сиёсӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносии миллиамонро пайваста боло бардошта, барои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии ватаном, барои рушду пешрафти қувваҳои мусаллаҳи он ҳамаҷониба мусоидат намоем. Ин ҳам қарзу ҳам фарзи ҳар як зиёӣ, пиру ҷавон, умуман ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Артиши миллӣ дар ҳар давру замон кафили рӯзгори осоишта ва зиндагии бофароғати ҳар шаҳрванд аст. Бигзор дар кишварамон ҳамеша сулҳу ваҳдат танинандоз бошаду Артиши миллиамон чун кафили амнияту саодатмандии мардуми Ватани азизамон тавоною пурқувват бошад!

Бори дигар Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта, ба Шумо рӯзгори хушу осуда ва барори кору фаъолият таманно менамоям. Бигзор осмони кишвари мо ҳамеша софу беғубор, хотири ҳамагон осудаву дастархони ҳар яки мову Шумо пурнозу неъмат бошад, сулҳу амонӣ дар Тоҷикистони азиз ҳамеша танинандоз боқӣ монад.

Тансиҳату хонаобод бошед!

Leave a Comment