Дар давоми як ҳафта – аз 19-ум то 24-уми феврали соли 2018 дар донишгоҳ Дарҳои кушод эълон шуд.

Ҳамасола чунин тадбир аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ роҳандозӣ мешавад ва мақсад аз ташкили чунин чорабинӣ дар он аст, ки донишгоҳ барои пиёда намудани сиёсати давлатӣ доир ба ҷалби ҷавонон ба касбҳои техникӣ ва батадриҷ боло бурдани сатҳи рушди техникию технологии кишвар мекӯшад.

Имсол низ ин кӯшиш амалӣ гардида, хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, аз ҷумлаи МТМУ №13, №46, №66, №76, №52, №56, №100, №17, №63, №68, №18, №16, №20, №31, №35, №39, №41, №65, Гимназияи №53, Литсейи №55 ва Литсейи техникӣ дар маҷлисгоҳи асосӣ барои вохӯрӣ омада, дар давоми ҳафта бо муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, муовини ректор оид ба корҳои тарбия ва котиби масъули Комиссияи қабул вохӯрданд.

Дар ҳар як вохӯрӣ дар ибтидо аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба хатмкунандагон – довталабони имсола доир ба донишгоҳ маълумот дода шуда, пас аз он дар ҳудуди донишгоҳ ва факултетҳои он саёҳатҳо доир шуданд. Хатмкунандагон – довталабони имсола бо озмоишгоҳҳо, синфхонаҳо ва толорҳои варзишии донишгоҳ шинос шуда, завқи хондан, донишҷӯӣ, муҳандиси соҳаҳои гуногун гардидан дар қалбашон боз ҳам тақвият ёфт.

Дар рафти вохӯриҳо маводи таблиғотӣ ва маълумотдиҳандаи зиёде, ки аз ҷониби Комиссияи қабули донишгоҳ, Маркази рушди касбият ва Маркази иттилоот ва нашри донишгоҳ омода шуда буданд, паҳн гардиданд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment