Чӣ тавре ки сухан бомаданият аст, либоспӯшӣ низ маданияти худро дорад. Мардуми тоҷик, ки аз азал фарҳанги бою ғанӣ доранд, одоби либоспӯшии ин миллати ботамаддун шаҳомату манзалати худро гум накардааст. Тоҷикон фарҳанги ба худ хосро доранд, ҳамеша анъанаҳои миллиро пос медоранд. Мо метавонем гуфт, ки фарҳанги либоспӯшӣ ифодаи муҳаббат ва эҳтироми миллат мебошад, ки табиатан вобаста ба таърихи кишвар ва сарвати маънавии он вобаста аст. Ҳар як либос ҷойи пӯшидани худро дорад. “Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ” аз 30-юми июли соли 2007 таҳти рақами 14112, назди мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Албатта ин гуна либос хоси доништалабони муассисаҳо мебошад. Талаботи мизоҷон барои харидории либосҳои муассисавӣ хеле бисёр аст. Дар ҷумҳурӣ барои хонандагон ва донишҷӯён корхонаҳои либосдӯзӣ махсусан барои муассисаҳои таълимӣ либосҳо тайёр мекунанд. Аксарияти молҳои истеҳсолшуда аз пахта омода шудаанд. Чунин тавсия дода шудааст, ки дар давоми таътил хонандагон  ё донишҷӯён ва умуман мизоҷон барои харидорӣ ба ин корхонаҳо муриҷиат намоянд. Саволе ба миён меояд, ки оё ин молҳои истеҳсоли ватанӣ боарзиш ва ба талабот ҷавобгӯанд? На ҳама корхонаҳо метавонанд сифати маҳсулоти хешро баланд бардоранд. Инро мебояд андешид, чӣ тавр талаботи харидоронро қонеъ кард.

Маълум аст, ки на ҳама мизоҷон аз либосҳои истеҳсоли ватаниро истифода мебаранд. Либосҳои қиматбаҳои хориҷиро бештар мехаранд. Чунки матои дар хориҷа омодашуда сифати хуб доранд, истифодабаранда метавонад тӯли солҳо истифода баранд.

Либоси ягона мафҳумест, ки нисбат ба либоси расмии кормандони соҳаҳои алоҳидаи хидмати давлатӣ ба кор бурда мешавад. Либосҳои ягона барои кормандони мақомоти қудратӣ, мисли вазоратҳои корҳои дохиливу мудофиа, прокуратура, гумрук, ҳамчунин дар соҳаи хӯроки умум, тандурустӣ, кормандони бонку ташкилот, ширкатҳо ва ғайра таъйин шудаанд. Либосҳои ягона аз ҷиҳати дӯхту истеҳсол ва барои истифода қулай будан бартарият доранд. Дар баъзе ҳолатҳо, албатта, мақоми хизматчиёни соҳаро чунин либос “хос” мегардонад ва воқеист, ки ҳамзамон хизматчиёни соҳаеро аз кормандони дигар соҳаҳо фарқ мегузорад. Хонандагони муассисаҳои таълимиро низ бо либоси тавсиявӣ миёни омма фарқ мекунем.

Масалан либос, ки аз матои ҷилодор ва бо ҳар гуна нақшу нигор оро дода шуда бошад, дар тӯю маърака пӯшида мешаванд. Бояд либос тавре бошад, ки худнамоишдиҳӣ набуда, ба иззати нафси шахси дигар нарасад. Аз ин рӯ, мо метавонем ба дигарон эҳтироми худро изҳор кунем ва сатҳи баланди рушди фарҳангиро нишон диҳем.

Аксарияти одамон ба кӯча бо либоси хонагӣ, тагпӯшҳо ва ё либоси варзишӣ баромада сайру гашт карда, ё ин ки бо пойафзоли хонагӣ, барои ҳаммом дар пой ба ҷой мераванд ва гаштугузор менамоянд. Пас ин бемаданиятиро нишон додан аз рӯйи этикет нест. Шахсро мебояд андешид, ки оё ин рафтори ӯ дуруст аст? Ҳол он ки кӯча барои худ як либоси муайянро дорад. Либос дар хона сабуки аз матои пахтагӣ дӯхташуда, тагпӯшакҳо ҳангоми хоб ва либоси варзишӣ ҳангоми ба варзиш машғул шудан, дар толорҳои варзишӣ (ҳатман иваз намудани либос баъди машғулияти бадан) пӯшида мешаванд.

Маданияти шахс дар пӯшидани либосаш ё гуфтани суханаш маълум мешавад ва шахси бинандаро водор месозад, ки ӯро дида баҳо диҳад. Шахс ба худ либоси зебандаро интихоб менамояд. Вақти харидории либос мо бояд чунин интихоб намоем, ки ба синну сол, ба чеҳра муносиб бошад. Умуман фарқ надорад, ки либос гарон аст ё арзон. Муҳим ин аст, ки дар тани шахс шинам ва зебанда аст. Дар вақти интихоб мо метавонем мувофиқи пиджаку шим, курта ва гарданбанд интихоб намоем. Ранги интихобкардаи либос бояд оромкунандаи асаб буда, бо шароити корӣ мувофиқ бошад. Яке аз меъёрҳои интихоби либос мувофиқ ва шинам будани он аст. Аз ин лиҳоз, мо либоси корӣ, истироҳатӣ, кӯчапӯшак, хоб ва амсоли инро дорем. Либоси донишҷӯ низ барои ӯ бояд мувофиқ бошад. Дар чунин либос шахс худро озод ҳис кунад. Либосе, ки мисли “халта” дар китф аст, ё ниҳоят танг, ё вазнину дағал мебошад, ҳисси фаъолмандии касро коҳиш медиҳад, ҳамчун намунаи маҳдудияти ботинӣ ба рӯй меояд.

Фирӯза Амонатова – ассистенти кафедраи фанҳои “Ҷомеашиносӣ”.

Leave a Comment