Бо ташаббуси Маркази такмили ихтисос ва татбиқи лоиҳаҳо аз санаи 26-уми феврал то 1-уми марти соли равон дар ҳамшарикӣ бо ташкилоти баналмилалии “Иттиҳоди шарикии нақлиёти бехавф ва устувор” ва ташкилоти ҷамъиятии “Насли ҷавони Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузорӣ мешавад, тренинг дар мавзуи “Бехатарии ҳаракат дар роҳ” бо иштироки Matt Chamberlain (Мет Чемберлен) – аудитори пешбари бехатарии роҳ, мушовири техникӣ вобаста ба Балканҳо Ғарбӣ ва Phil Jordan (Филип Джордан) – мушовири байналмилалӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ба нақша гирифта шуда, доир гардида истодааст.

Баргузории даври дуюми ин чорабинӣ аз 3-юм то 6-уми марти соли равон дар назар аст. Барои иштирокдорон аз ҷониби мутахассисон маълумоти ҷолиб ва муфид пешниҳод мегардад, ки дар амалия ва назария манфиатовар хоҳад буд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment