Боиси хушбахтист, ки бо ташаббусу дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занон имрӯз дар умури роҳбарӣ, маориф, фарҳанг, соҳибкорӣ ва дигар ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолона ширкат меварзанд. Ин ҳама албатта, ба мақому манзалати зан таъсири мусбат мерасонад.

Зан, муқаддас донистани Ватан, мазҳари шараф, ахлоқ ба ҳисоб меравад. Пас зан-роҳбар кист? Тарзи роҳбаладии ӯ аз мард чӣ фарқ дорад? Доир ба ин савол якчанд хусусиятҳои роҳбариро номбар кардан мумкин аст:

  1. Хирадӣ/маърифатӣ. Зан – роҳбар хусусияти махсуси ҳушёрӣ ҷиҳати барпо кардани муносибат бо одамонро дорад. Нофаҳмӣ ва саршавии низоъро тезтар ҳис мекунад ва малакаи истифодаи маълумотро дар мақсадҳои худ дорад. Бояд қайд кард, ки дарк карда тавонистани муносибатҳои ҳамкорон ва шарикон дар фаъолияти меҳнатӣ бештар мушоҳида мегардад.
  2. Кор ва вақтхушӣ. Зан байни ин ду мафҳум метавонад монеа гузорад, вай қобилияти якҷоя накардани кор ва вақтхуширо дорад. Ин дараҷаи хуб ва муайяни худмуҳофизатӣ мебошад. Маълум аст, ки Зан – роҳбар дар иҳотаи мардҳо кору фаъолият мекунад ва зан бояд байни ин ду амал сарҳад гузошта тавонад ва онро нагузарад. Ин як намуди муайяни худмуҳофизатӣ ба шумор меравад. Ба Зан-роҳбар зарур аст дарк кунад, ки айни ҳол вай пеш аз ҳама Зан-роҳбар, корманди касбии дараҷаи олӣ мебошад.
  3. Мураттабӣ. Зан-роҳбар фикру андеша, худро кушоду равшан ифода менамояд, хатогиву норасогии худ ва дигаронро назорат мекунад. Чунин гурӯҳи занон нақшаҳои кӯтоҳмуҳлатро назар ба дарозмуддат афзалтар медонанд.
  4. Фишор наовардан. Таҷриба нишон медиҳад заноне, ки кӯшиш мекунанд тарзи роҳбарии мардонро аз худ намоянд, на ҳама вақт комёб мешаванд. Роҳбарии занон хоси коллективӣ дорад. Вай қобилияти равон истифода намудани нерӯи кормандони корхонаро истифода карда, комёбӣ ва инкишофи ташкилотро ба роҳ монда метавонад. Чунин тарзи роҳбарӣ ҳамчун мустаҳкамкунии оила буда, ба зан хос аст.
  5. Эътимоднокӣ. Зан-роҳбар қобилияти ҳавасманд кардани коргарон ва роҳандозӣ намудани онҳоро ҷиҳати инкишофи ташкилот дорад. Вай аллбата дар таҷрибаи кориаш метавонад маҳорату малакаашро амалӣ намояд. Бо шарофати малакааш Зан-роҳбар моҳирона метавонад кормандонашро ҳавасманд кунад.
  6. Маҳорати самти кориро ба осонӣ тағйир додан. Ҳақиқатан Зан-роҳбар метавонад бо осонӣ аз як нақшаи корӣ ба дигараш гузарад (аз роҳбар ба зан, модар). Ба вай шахсе лозим аст, ки ӯро фаҳмад, дастгирӣ намояд. Вақте ки Шумо ба кор меоед, оила ва ҳамаи масъалаҳои оилавиро ба як тараф монед. Аммо афсӯс, ин қоида нисбат ба зан амал намекунад. Зан мехоҳад бо он коре машғул шавад, ки кори мардона ҳисобида мешавад, аммо аз кори занона даст кашидан намехоҳад, баъзан наметавонад. Барои ҳамин ин масъулиятро ҳис кардан, дастгирию фаҳмиш лозим аст, махсусан аз ҷониби шавҳар.
  7. Моҷароҷӯӣ. Дар ҷараёни кор Зан-роҳбар тайёр аст, ки таваккал кунад. Мумкин ин вобаста ба ҳиссиёти табиӣ ё модарзодии ӯ бошад. Ба ҳар ҳол дар бештари мавридҳо Зан-роҳбар комёб мешавад.
  8. Дуруст қабул намудани танқид. Вақте ки мард-роҳбар танқид мекунад, вай танқидро ба худ наздик қабул мекунад, чунки ӯ дарк мекунад, ки яке манбаъҳои асосии худамалишавии ин фаъолият худи мард ба ҳисоб меравад. Мумкин бо сабаби он ки Зан-роҳбар нақши муҳими дигар – “модар”-ро дорад, нақше, ки вай худашро пурра татбиқ мекунад, зан танқидро ба дил наздик қабул намекунад. Зан-роҳбар қобилияти қабули камбудиҳоро дорад ва аз ӯ маълумоти муфид гирифта метавонад.
  9. Дилрабоӣ, ҷозиба, фатонат. Маълум аст, ки зан намехоҳад бо роҳи истифодаи ҷозиба бо шарикони худ шартномаи муфид бандад. Вале аз хурдӣ зан метавонад ҳамаро дар атроф ҷамъ оварад, махсусан мардонро. Дар хотир бояд нигоҳ дошт, ки новобаста аз роҳбар будан Шумо зан ҳастед ва метавонед фатонати худро дар корчаллонӣ истифода баред. Тамоми зебоии дунё шукуҳу шаҳомати ин ҷаҳон дар баробари Зан-модар арзише надорад ва муносибат ба Зан, муқаддас донистани Ватан шараф, ахлоқ ба ҳисоб меравад.

Раҳимова С.С. — Омӯзгори кафедраи “Фанҳои ҷомеашиносӣ”

Leave a Comment