Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-009-и назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ боз як ҳимояи рисолаи илмӣ баргузор гардид.

Муаллими калони кафедраи “Металлургия” — Тошев Мансур Толибҷонович рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Элементҳо-созиндагони аломатҳои зуҳуроти ирсӣ ва таъсири онҳо ба хосиятҳои металлҳо ва хӯлаҳо” аз рӯйи ихтисоси 05.16.02-металлургияи металлҳои сиёҳ, ранга ва нодир дифоъ намуд.

Инчунин муаллими калони кафедраи «Иқтисодиёт ва логистикаи нақлиётӣ»-и факултети «Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ» — Амонуллоев Икром Абдукаримович рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Повышение эффективности функционирования транспортной системы в условиях горного региона” аз рӯйи ихтисоси 08.00.05-Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ ҳимоя кард.

Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, деканати факултетҳои «Технологияҳои инноватсионӣ», «Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ» ва коллективи кафедраҳои “Металлургия” ва «Иқтисодиёт ва логистикаи нақлиётӣ» муаллимони калони кафедраҳои мазкур Тошев Мансур Толибҷонович ва Амонуллоев Икром Абдукаримовичро ба муносибати ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадиашон муборакбод менамоянд.

Орзуманди онем, ки олимони ҷавони тоҷик бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷудае, ки Комиссияи олии аттестатсионӣ ва донишгоҳ муҳайё намудаанд, ба қуллаҳои баланди илмию эҷодӣ мерасанд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment