Ҷиҳати таъмини иҷрои супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар оғози фасли баҳор вусъат додани корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ дар минтақаҳои вобастаи донишгоҳ дар факултети “Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ” низ таҳти роҳбарии декани факултет – Ҳамроев Ф.М. ва муовини декан оид ба тарбия Маҳмадов Ш.Р. имрӯз ҳашар ташкил карда шуд.

Устодон ва донишҷӯёни кафедраи «Ташкил интиқол ва идора дар нақлиёт», аз он ҷумла мудири кафедра Бобиев Р.С., устодони кафедра Раҷабов А.А., Мирзоева Н.Ш., Мирзоев А.А., инчунин донишҷӯёни курси 3-юми гуруҳҳои 440101А1 ва 440103А, ки шумораи умумиашон дар якҷоягӣ бо устодон 24 нафарро ташкил медод, ҷӯйборҳои назди дарахтон, дарахтҳои ҳамешасабзу ниҳолони босамарро нарм карданд. Саҳниаҳни ҳавлии бинои факултет ва қитъаи ба кафедра ҷудошударо тоза намуда, ниҳол шинониданд.

Устодон ва донишҷуёни кафедраи «Сохтмони роҳҳо, иншоот ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ» — мудири кафедра Сайраҳмонов Р.Ҳ., устодони кафедра Маҳмадов Ш.Р., Набизода М.Ш. ва донишҷӯёни курси 3-юми гурӯҳҳои 370205, 700302-04 бо теъдоди умумии 21 нафар бо тозакунии ҷӯйбор ва лотокҳои назди бинои факултет машғул шуданд. Онҳо низ дар қитъаи ба онҳо вобасташуда ниҳол шинонида, корҳои тозакунию ободониро анҷом доданд.

Аз кафедраи “Иқтисодиёт ва логистикаи нақлиётӣ” Камолитдинов Б.Т., Мирзобеков Х.Д., Амонуллоев И. ва донишҷӯёни курси 3-юми гурӯҳҳои 260203-23 ва 270101-02 — ҳамагӣ 18 нафар бо корҳои ободонию тозакунӣ машғул шуда, инчунин мизу курсиҳои синфхонаҳои ба кафедра вобасташударо тоза намуданд.

Дар ин ҳашар барои ободии гирду атрофи факултет ва ба тартиб овардани роҳравҳои факултет аҳамияти бештар дода шуд.

Маҳмадов Ш.Р. — муовини декани

факултети “М ва КН” оид ба тарбия

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment