Имрӯз дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар фазои ифтихормандӣ ва саршор аз тарабу хурсандӣ ба чор нафар олимони донишгоҳ, ки дар Шӯроҳои диссертатсионии навтаъсиси Тоҷикистон рисолаҳои илмии худро ҳимоя намуда буданд, дипломҳо супорида шуданд.

Барои супоридани дипломҳо шахсан раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» — Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ ташриф оварда, ба ду нафар олимони донишгоҳ – Саидзода Раҳимҷон Ҳамро дипломи доктори илмҳои техникӣ ва ба Обидов Зиёдулло Раҳматович дипломи доктори илмҳои химияро супорид. Инчунин ба ду нафар олимони ҷавон Ниёзов Ҳамза Ҳамрокулович ва Осими Оқил – дипломи номзади илмҳои техникӣ тақдим карда шуд. Боиси қайд аст, ки ҳоло Шӯроҳои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бисёр донишгоҳу донишкадаҳо ба фаъолият шурӯъ кардаву дар онҳо олимони ватанӣ натиҷаи корҳои илмӣ ва тадқиқоти илмии худро дар намуди рисолаҳо пешниҳод ва ҳимоя намуда истодаанд. Инчунин зикр менамоем, ки рӯзҳои 25 ва 26-уми октябри соли ҷорӣ номзади илмҳои техникӣ, дотсент, муовини аввали ректор, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ Саидзода Раҳимҷон Ҳамро дар мавзӯи «Сохторбандӣ ва хосиятҳои физикӣ-химиявии хӯлаҳои сабуки алюминий бо металлҳои нодирзаминӣ ва ишқорзаминӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ бо тахассуси 05.02.01 – Маводшиносӣ (дар мошинсозӣ) ва номзади илмҳои техникӣ, дотсент Обидов Зиёдулло Раҳматович аз кафедраи технологияҳои истеҳсолоти химиявии донишгоҳ дар мавзӯи “Коррозияи хӯлаҳои руҳ-алюминии насли нав” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои химия бо тахассуси 05.17.03 – Технологияи равандҳои электрохимиявӣ ва муҳофизат аз коррозия дар Шӯрои диссертатсионии Институти кимиёи АИҶТ рисолаҳои доктории худро бомуваффақият дифоъ намуда буданд. Рисолаи доктории Саидзода Раҳимҷон Ҳамро ва Обидов Зиёдулло Раҳматович таҳти мушовирии олимон, академик Ғаниев Иззатулло Наврӯзович ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҳайдар Одина сурат гирифт.

Ин воқеаи таърихӣ, ки дипломҳои аввалин ба олимон супорида шуд, дар дили тамоми олимони чавони донишгоҳ дилгармӣ ва завқи беандоза ба илму ихтироъкориро боз ҳам зиндатар гардонид. Зеро Ҳукумати кишвар таҳти сиёсати хирадмандона, дурандешона ва воқеъбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳои заруриро барои олимони ҷавон, ихтироъкорон ва тадқиқотчиёни илмӣ муҳайё намудааст. Дар пайравӣ аз татбиқи ин анъанаҳои давлатӣ раёсати ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ низ кӯшиш бар он медорад, ки дар донишгоҳ шароитҳои илмию эҷодкориро ҳар чӣ бештар муҳайё намуда, барои пешрафти илми ватанӣ ва махсусан илмҳои техникӣ саҳмгузор бошад.

Дар ин ҷода ба тамоми олимон ва муҳаққиқон пешрафту ба корҳои илмиашон муваффақиятҳо орзумандем.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment