Рӯзи байналхалқии занон

Идест бахшида ба занон, ки дар баъзе кишварҳо рӯзи 8-уми март ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи байналхалқии занон дар аввал рӯзи воқеӣ буд. Он иди Бонувон набуда, балки ҷашни занони инқилобгар буд.

Амрико ва ё иттифоқҳои касабаи занон

8-уми марти соли 1857 дар Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд. Он вақтҳо занон то 16 соат дар як шабонарӯз меҳнат мекарданд, вале барои корҳояшон музди ночизе мегирифтанд. Мардон баъди намоишҳои эътирозӣ рӯзи кории худро то 10 соат кам карда буданд. Дар бисёр корхонаҳои ИМА иттифоқҳои касаба пайдо шуданд. Пас аз 8-уми марти соли 1857 як иттифоқи касабаи нав созмон дода шуд, ки бори аввал дар таърих занон аъзои он гардиданд. Дар ин рӯз дар аксари кӯчаҳои Ню-Йорк садҳо занон ба намоишҳои эътирозӣ баромаданд ва даъвои соҳибшавӣ ба ҳуқуқи овоз доданро карданд.

Аврупо ва Клара Сеткин

Таърихи ҷашнгирии Иди занон бо номи Клара Сеткин алоқаманд аст, ки гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди истисморгарон ташкил додааст. Ҳарчанд ки барои ин кор на як рӯз сарф шуда буд, вале аъзои гурӯҳ ба қароре омаданд, ки рӯзеро чун Зодрӯзи «Пролетариати занон» ҷашн гиранд. Соли 1910 дар шаҳри Копенгагени Дания дар конференсияи дуввуми занони сотсиалист бо пешниҳоди Клара Сеткин қарори ҷашнгирии рӯзи «муборизаи занон барои ҳуқуқҳояшон» қабул карда шуд. Дар он гуфта мешуд, ки ҳар сол бояд рӯзи занон ҷашн гирифта шавад, ки он бояд «пеш аз ҳама барои ташвиқи ба занон додани ҳуқуқи овоздиҳӣ» хизмат кунад. Ҷашнгирии Иди Бонувон чун даъвате ба муборизаи занон барои баробарҳуқуқӣ, қашшоқӣ, эҳтироми занон ва ҳуқуқ ба меҳнат буд. Санаи ҷашнгирии рӯзи Байналхалқии занон мувофиқи пешниҳоди узви Кумитаи Марказии ҳизби сотсиал-демократӣ Елена Гринберг 19-уми март таъйин шуд. Бори аввал рӯзи Байналхалқии занон соли 1911 дар Олмон, Австрия, Дания ва Швейсария маҳз 19-уми март ҷашн гирифта шуд. Соли 1912 он дар ҳамон кишварҳо, вале 12-уми май баргузор гардид. Соли 1913 аз мушкилоти ташкилотӣ ихтилофот ба вуҷуд омад: дар Олмон онро 12-уми март дар Австрия, Чехия, Венгрия, Швейсария, Ҳоланд9-уми март, дар Фаронса ва Руссия2-юми март ҷашн гирифта буданд. Танҳо соли 1914 дар тамоми ҷаҳон рӯзи Байналхалқии занонро дар ҳама ҷой 8-уми март ҷашн гирифтанд, чунки рӯзи ғайрикорӣ якшанбе буд. Ва баъд аз ин дар ҳамин рӯз қарор гирифт.

Ҷашнгирӣ дар ИҶШС

Дар Руссия рӯзи Байналхалқии занон маротибаи аввал соли 1913 дар Петербург ҷашн гирифта шуд. Аз солҳои аввали ҳокимияти Шӯравӣ 8-уми март иди давлатӣ гардид. Моҳи марти соли 1917 занон ҳуқуқи овоздиҳӣ пайдо карданд ва дар Сарқонуни соли 1918 сиёсати баробарҳуқуқии занон акс ёфт ва дар ҳаёт татбиқ шуд. Оҳиста-оҳиста рӯзи Байналхалқии занон аҳамияти сиёсии худро гум кард. Аз соли 1965 бо қарори Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС он рӯзи ғайрикорӣ гардид. Дар айни замон маросими ҷашнӣ-расмии дар ин рӯз мавҷуд буд: дар ин рӯз дар чорабиниҳои пурдабдабаи давлатӣ оид ба сиёсаташ нисбати занон ҳисобот медод.

 Ҷашнгирии рӯзи байналхалқии Занон дар Ғарб

Бо ташаббуси созмонҳои феминистӣ аз солҳои 1960-ум Рӯзи байналхалқии занон дар кишварҳои Ғарб ҳам ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз занҳои Ғарб дастовардҳои худро дар соҳаи  мубориза барои ҳуқуқҳояшон ҷашн мегиранд.

Рӯзи байналхалқии Занон ва СММ

Аз соли 1975 СММ, аз сабаби Соли байналхалқии Занон буданаш, 8-уми мартро чун рӯзи байналхалқии Занон эълон дошт.

Рӯзи ғайрикорӣ

Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ 8-уми март чун иди Бонувон дар Тоҷикистон боқӣ монд. Он дар дигар мамолики муштаракулманофеъ, аз Русия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдава, Туркманистон ва Украина чун рӯзи байналхалқии Занон; дар ҷумҳурии Белорус ва Ӯзбакистон чун рӯзи Модар ва дар Арманистон 7-уми апрел чун рӯзи Модар ва Зебоӣ ҷашн гирифта мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6-уми марти соли 2009 дар Паёми табрикии худ ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон пешниҳод намуданд, ки аз ин баъд 8-уми март ҳамчун Рӯзи Модар таҷлил гардад ва имрӯзҳо мо ин рӯзро Рӯзи Модар меномем.

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,

Норасида бодае дар  ҷом мемондем мо.

Зан агар моро намебахшид умри бардавом,

Бе тахаллус  бе насаб  бе ном мемондем мо.

 Анъанаҳо

Дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои собиқ ИҶШС анъана шудааст, ки дар ин рӯз занон аз мардон таваҷҷуҳ, гул ва тӯҳфаҳо интизоранд. Дар гӯшаву канори мамлакат ба муносибати ид, аз вазоратҳо сар карда, то идораву корхонаҳои хурд чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва маҷлисҳо ороста мешаванд. Дар оилаҳои шаҳрвандон ба модарону занон тӯҳфаҳо супорида мешаванд. Рӯзи байналхалқии бонувон, ки ҳамасола таърихи 8-уми март таҷлил карда мешавад, дар худ басо силсилаи таърихиро нигоҳ медорад. Иди мазкур дар тамоми мамолики дунё чун рамзи миллӣ, дифоъ аз ҳуқуқу уҳдадориҳои занон пазируфта шуда, онро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Ба андешаи бархе аз коршиносон Иди байналхалқии бонувон аз дастовардҳои мубориза ва ҳаракати занон барои дифоъ аз ҳуқуқҳои хеш мебошад. З-ин рӯ, 8-уми март ин эътироф аз гулу туҳфа ва ҷашнвораҳо набуда, эътирофи зан ҳамчун инсон, эътирофи ҳуқуқҳои зан дар баробари ҳуқуқҳои мард ва фароҳамоварии имкониятҳои баробар ба ӯст. Ба ҳар ҳол дар кишвар занҳо аз рӯзи Модар, яъне 8-уми март ба хубӣ истиқбол мекунанд ва ба ин баҳона аз дӯстону наздикон, пайвандони худ тӯҳфаҳо интизоранд.

Аз ҳамин фурсат истифода бурда, ҳамаи занон, модарони азизи тоҷик ва ҳамчунин бонувони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро табрик намуда, орзу менамоем, ки зиндагии ҳамаи онҳо чун фасли баҳор ҳамешасабз ва шукуфон бошад.

Эй зани озодаи нозофарин,

Тоҷики поку саропо маҳҷабин!

Аз вуҷуди қарнҳо то ин замон,

Бо ғурури покиҳо дорӣ нишон.

Муминов Ф.С., Саидов Б.Б.

Leave a Comment