Рӯзи байналхалқии занон (чӣ тавре ки пештар меномиданд) яке аз идҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Рӯзи байналхалқии занон дар аввал рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон буда, иди бонувон набуд, балки ҷашни занони инқилобгар ҳисобида мешуд. 8-уми марти соли 1857 дар Ню-Йорк коргарзанони фабрикаи пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд. Он вақт занон 16 соат дар як шабонарӯз меҳнат мекарданд, вале барои корашон музди кам мегирифтанд. Баъди маоши эътирозӣ рӯзи корӣ то 10 соат кам карда шуд. Дар бисёр корхонаҳои ИМА иттифоқи касаба таъсис дода шуд. Пас аз 8-уми марти соли 1857 як иттифоқи касабаи нав созмон дода шуд, ки бори аввал дар таърих занон аъзои он гардиданд. Дар ин рӯз аксари кӯчаҳои Ню-Йорк ҳазорҳо зан ба намоишҳои эътирозӣ баромаданд ва даъвои соҳибшавӣ ба ҳуқуқи овоздиҳиро карданд.
Ту озодӣ магар эй зан,
Зи худ шодӣ магар эй зан.
Бояд гуфт, ки таърихи ҷашнгирии иди занон ба номи Клара Сеткин алоқаманд аст. Соли 1910 дар шаҳри Копенгаген (Дания) дар конференсияи дуюми занони сотсиалист бо пешниҳоди Клара Сеткин қарори ҷашнгирии рӯзи муборизаи занон барои ҳуқуқҳояшон қабул карда шуд. Ва бори аввал Рӯзи байналхалқии занон соли 1911 дар Германия, Дания, Австралия ва Швейтсария 19-уми март ҷашн гирифта шуд. Соли 1912 он дар кишварҳои мазкур, вале 12-уми май барпо гардид. Ва ҳамин гуна дар ҳама кишварҳо онро бо ҳар гуна ҷашн гирифтанд ва танҳо соли 1914 дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналхалқии занонро санаи 8-уми март ҷашн гирифтанд, чунки ҳамон рӯз рӯзи ғайрикорӣ – якшанбе буд. Дар Русия Рӯзи байналхалқии занон бори аввал соли 1913 дар Петербург (ҳоло Санкт-Петербург) ҷашн гирифта шуд.
Дар солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ 8-уми март ҳамчун иди давлатӣ қабул гардид. Моҳи марти соли 1917 занон ҳуқуқи овоздиҳиро соҳиб шуданд. Баъди пош хӯрдани Ҳокимияти Шӯравӣ 8-уми март чун иди бонувон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монд. Дар Тоҷикистон рӯзи 8-уми март Рӯзи модар ва рӯзи истироҳат эълон шудааст ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар фазои истиқлолият, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ ин иди фархундаро ҷашн мегиранд.
Дар ситоишу бузургии модарону бонувон ва занон то имрӯз ҳар кас ба қадри тавони сухани худ дурри маънӣ гуфтаву суфтааст. Яке аз чунин ашхос шоири барҷаставу муосиру муассир Лоиқ Шералӣ мебошад. Шоир дар ”Қасидаи модар” бузургиву арзишмандии ӯро чунин ба қалам додааст.
Ту монанди замин танҳоӣ модар,
Ту монанди замин яктоӣ модар.
Модар – номи фариштаи бемислу нексиришт, исми шарифу қудратманд ва ҷинси латифу меҳрварз. Олитарин, бузургтарин ва азизтарин неъмати нотакрор баҳри тамоми фарзанди рӯйи замин аст.
Рӯзе як нафар пеши Пайғамбарамон Муҳаммади Мустафо (с) меояд ва мепурсад:
Эй расули Худо ба ки ман хушрафторӣ кунам, киро хуб нигоҳ кунаму эҳтиром кунам?
Пайғамбари бузург (с) мегӯянд: ба МОДАРАТ.
Вай боз мепурсад, баъд ба кӣ?
Пайғамбарамон боз мегӯянд: ба МОДАРАТ.
Он шахс дафъаи сеюм мепурсад.
Пайғамбарамон боз “МОДАРАТ” мегӯянд.
Вақте боз мепурсад, Пайғамбари бузург он вақт ба ПАДАРАТ мегӯянд.
Ин бузургии модарро бинед, ки Пайғамбарамон 3 маротиба МОДАРАТ мегӯянд.
МОДАР қиматтарин неъмати рӯйи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, фариштаи рӯйи замин, чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, пурэҳсостарин фард аст. Маҳз меҳри бепоёни модар моро ба ин оламу одамият ошно сохтааст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Зан – Модарро чунин баён кардаанд: “Зан – Модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад”.
Бузургии модар то ҳадест, ки онро бо Ватан дар як сатҳ қарор дода, Модар – Ватан ё баръакси ин мегӯянд.
Модар, офтоб аз лабханди ту тулӯъ мекунад ва баҳор бо гулҳои рангинаш дар домони поки ту мешукуфанд. Шири сафеди ҷонбахши модар аст, ки ягон ғизои олам дар шириниву бузургӣ ба он баробар шуда наметавонад. Нафаси ӯ нафасест, ки оромишро дар ҷону тани мо ҷорӣ мекунад, чеҳраи нуронии ӯ барои мо азизу муқаддас аст, дасти навозишгараш таскинбахши мо дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ аст.
Модар арзиштарин арзандаи ҳама гуна эҳтиром ва дӯстдорӣ мебошад. Зеро ӯ меҳрубонтарин инсонҳои олам аст ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиру дилсӯз мебошад. Ҳар фарзанде, ки қадри модарро донад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад. Ҳама забардастону абармардони олам зодаи шарифи ӯянд. Агар ӯ афтад, гӯё замин вожгун хоҳад шуд. Модар – Ватан яктост ва ягона хоҳад монд.
Аё модар ба қурбони ту мирам,
Чу муҳру меҳри паймони ту мирам.
Ҷаҳон пурмакру дастон аст, бигзор
Ки ман дар рӯйи дастони ту мирам.

Баҳори ту хазон мабод, эй биҳишти ман,
Ба дасти дигарон мабод сарнавишти ман.
Азизу беҳтарини ман, модари ман,
Биҳиштӣ дар замини ман, модари ман.

Талбонов Наврӯз – донишҷӯйи курси 2-юми гуруҳи 440101А1,

факултети “Менеҷент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ”

Leave a Comment