Дар кафедраи “Технология, мошинҳо ва таҷҳизоти истеҳсолоти полиграфӣ” бахшида ба рӯзи Матбуоти тоҷик дар мавзӯи «ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ МАТБУОТИ ТОҶИК» семинари III шаҳрии илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар рафти кори семинар Сайфиддинова Г.А. – унвонҷӯйи кафедраи «Матбуот»-и факултети Журналистикаи ДМТ, Ҳаётзода А. – устоди Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Яқубова М.М. – ассистенти кафедраи «Матбуот»-и факултети Журналистикаи ДМТ, Каримов Р.Т. – сармутахассиси матбааи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳасанов О.Ҷ. – ороишгари компютерӣ дар матбааи “Ҳоҷӣ Ҳасан”, Ахмедов У.М. – сарэнергетики КТН «Шарқи озод»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, инчунин омӯзгорон ва кормандони ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ ширкат намуданд.

Дар оғози семинар мудири кафедраи “ТМ ва ТИП” н.и.т. дотсент Равшанов Д.Ч. баромад намуд. Ӯ қайд кард, ки чун анъана ҳамасола 11-уми март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи «Матбуоти тоҷик» ҷашн гирифта мешавад. Матбуоти тоҷик имсол 106 сола шуд.

Баъдан декани факултети Технлогияҳои инноватсионӣ, н.и.т., дотсент, яке аз ташкилотчӣ ва устоди кафедраи мазкур – Идиев М.Т. сухан ронд. Ӯ иқдоми кафедраро доир ба баргузор намудани семинар дастгирӣ намуд.

Пас аз баромади устодон мутобиқи барномаи семинар якчанд маърӯзаҳо шунида шуданд. Маърӯзаҳо дарбаргирандаи навоварӣ ва мушкилоти соҳаи полиграфӣ буд. Махсусан маърӯза дар мавзӯъҳои «Конструкция книги» (муаллими калони кафедраи ТМ ва ТИП – Сафаров Б.С.), «Нақши рӯзномаи Ҷумҳурият дар замони муосир» (унвонҷӯйи кафедраи «Матбуот»-и кафултети Журналистикаи ДМТ – Сайфиддинова Г.А.), «Нақши матбуоти даврӣ дар тарғиби донишҳои китобдорӣ» (устоди Донишкадаи идоракунии давлатӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳаётзода А.), «Полиграфия в современном мире» (ассистенти кафедраи ТМ ва ТИП – Хоҷаназаров Х.М.), «Сравнительный анализ — интервью (на примере в газете Чумхурият и Вечёрка)» (ассистенти кафедраи «Матбуот»-и кафултети Журналистикаи ДМТ – Яқубова М.М.) ҷолиб буданд.

 

Боиси қайд аст, ки пештар озмуни “Полиграфисти беҳтарин” миёни донишҷӯёни кафедраи ТМ ва ТИП ташкил карда шуда буд, ки саннаи 1-уми марти соли 2018 ҷамъбаст гардид. Пас аз хотимаи семинар ба ғолибони озмун ифтихорнома, сипоснома ва мукофоти хотиравӣ супориданд. Дар ин озмун ҷойи аввал насиби донишҷӯйи курси 4-уми гурӯҳи 470201А – Зайниддинов Р.М., ҷойи дуюм насиби донишҷӯйи 2-юми гурӯҳи 360601-01А – Одинамамадов Ҷ.Ш. ҷойи сеюм насиби донишҷӯйи курси 3-юми гурӯҳи 360601-01 – Сатторов А.К. гардид. Инчунин барои иштироки фаъолона ба донишҷӯёни курси 4-уми гурӯҳи 470201 – Шарифова Т.Б., курси 2-юми гурӯҳи 360601-01 – Саидов Қ.Р. ва курси 2-юми гурӯҳи 470201 – Мирзозода Ф. сипоснома супорида шуд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment