Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ тамоми устодон, кормандон ва донишҷӯёнро бо фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи фаррухпай муборакбод гуфта, ҳамагонро ба чорабиниҳои идонаи донишгоҳ даъват менамояд. Чорабиниҳои наврӯзӣ дар факултетҳои “Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ”, “Нақлиёт” ва “Факултети муштараки ДТТ — ДМТБ” рӯзи 16.03.2018, соати 1100 дар ҳавлии шаҳраки донишҷӯён – Политехникум, дар факултетҳои “Сохтмон ва меъморӣ” ва “Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия” рӯзи 17.03.2018, соати 1100 дар ҳавлии факултети “Сохтмон ва меъморӣ”, дар факултети “Энергетикӣ” рӯзи 19.03.2018, соати 1100 дар ҳавлии донишгоҳ ва дар факултети “Технологияҳои инноватсионӣ” рӯзи 20.03.2018, соати 1100 дар ҳавлии бинои дуюми донишгоҳ баргузор мегардад.

Leave a Comment